Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

БАРГУЗОРИИ ИҚДОМИ "ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА"

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

   Дар замони муосир осорхона баҳри татбиқи рисолати хеш-омӯзишу таҳқиқ, ҳифзу нигаҳдории намунаҳои нодиртарини мероси таърихию фарҳангӣ нақши бузург дорад. Алҳол осорхона тавассути баргузории силсилаи чорабиниҳо дар раванди тарбияи худшиносию худогоҳии миллӣ, муаррифии хотираи таърихӣ ва манзури ҷомеа намудани арзишҳои таърихию фарҳангӣ саҳми муносиб мегузорад.

Дар фаъолияти осорхона шӯъбаи оммавӣ-фарҳангӣ яке аз самтҳои муҳим ва инкишофёбандаи коргузорӣ маҳсуб меёбад. Дар замони имрӯза шаклҳои гуногуни фаъолияти оммавӣ – фарҳангӣ ва маърифатии осорхонаҳо вуҷуд доранд. Мутахассисону донишмандони соҳаи осорхонашиносӣ 10-шакли асосии онро таъкид намудаанд: экскурсия, маърӯза, машварат (консултатсия), хонишҳои илмӣ (конфронс, ҷаласа), маҳфил, озмун, вохӯрӣ, консерт (намоиши театрикунонидашуда), ид, бозиҳои таърихӣ.

Баргузории чорабинии “Шабе дар осорхона” дар осорхонаҳои Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” бахшида ба Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо низ яке аз онҳост. Дар он шаҳрвандон ва меҳмонони дохиливу хориҷӣ, муҳассилин ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаву олӣ ройгон (аз соати 16-00 то 22-00) боздид намуданд.

  Ҳамасола аз соли 1978 инҷониб 150 давлати ҷаҳон санаи 18 май Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо (International Museum Day)-ро таҷлил менамоянд. Қайд кардан ба маврид аст, ки дар ин рӯз баргузории чорабинии “Шабе дар осорхона” бори аввал соли 1997 аз шаҳри Берлини Олмон оғоз шуда, баъдан соли 1998 дар Фаронса, Англия, Русия баргузор гардидааст. Айни замон 30 000 осорхонаҳо дар 120 кишвари олам ҳамасола ин чорабиниро таҷлил менамоянд.

  Ин иқдом аз соли 2013 ҳамасола дар Осорхонаи таърихии вилояти Суғд бо барномаҳои наву ҷолиб рӯи кор меояд ва  тамошобинон аз ҳазорҳо экспонатҳои таърихӣ ройгон дидан менамоянд. Кормандони осорхона аз рӯи нақшаи махсус барномаҳои гуногуни фарҳангӣ - фароғатӣ таҳия карда, ба муштариён пешниҳод месозанд.

 Дар маъракаи имсола бошад чорабиниҳои гуногун аз қабили барномаи фарҳангӣ дар даромадгоҳи Осорхонаи таърихии вилояти Суғд, аксияи хайриявӣ дар назди Осорхонаи бостоншиносӣ ва истеҳкомоти шаҳри Хуҷанд ба номи академик Н.Неъматов, “Шоми ҷавонӣ” дар Боғи фарҳангию фароғатии Камоли Хуҷандӣ ва маҳфили “Пайғоми маънӣ” дар чорбоғи Хона-музейи Камоли Хуҷандӣ баргузор гардид. Аз соати 16:00 то 22:00 боздид аз тамоми осорхонаҳои маҷмаа тариқи ройгон ба роҳ монда шуд.

  Дар вақти муайяншуда аз Осорхонаи таърихии вилояти Суғд 6130 нафар, Осорхонаи бостоншиносӣ ва истеҳкомоти шаҳри Хуҷанд ба номи Нӯъмон Неъматов 2069 нафар, Хона-музейи Камоли Хуҷандӣ 2395 нафар дидан карданд.

Дар маҷмӯъ ба осорхонаҳои МД “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” 10 594 нафар тамошобинони ватанию хориҷӣ ташриф оварданд.

Мақсад аз ташкили иқдомоти “Шабе дар осорхона” ин пеш аз ҳама пешбурди сиёсати фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҷалби қишрҳои гуногуни ҷомеа ба осорхона, муаррифии осори ниёгон, баргузор намудани чорабинии бузурги оммавӣ-маърифатӣ вобаста ба соҳаҳои мухталифи фарҳанг, муаррифӣ намудани осорхона ҳамчун макони таълимӣ – маърифатии муосир ба шумор рафта, ба ин васила дар рӯҳияи баланди ватандӯстию хештаншиносӣ тарбия намудани ҷавонон ба ҳисоб меравад.

 

 Аслиниссо Ёдгори-мудири шӯъбаи

оммавӣ-фарҳангӣ ва робита бо ҷомеаи

МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОБАРГУЗОРИИ ИҚДОМИ "ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА"
Scroll to Top