Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Осорхона маҳзани гиромидошти осори таърихию фарҳангии миллат

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

                                             Бахшида ба Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо

Ҳамасола кормандони осорхонаҳои ҷаҳон рӯзи 18-уми майро чун иди касбии худ ҷашн мегиранд. Аҳли ҷомеа ба воситаи осорхонаҳо муносибати худро нисбати мероси таърихию фарҳангӣ баён менамоянд. Осорхонаҳо ёдгориҳои моддӣ ва маънавиро ҷамъоварӣ ва ҳифз намуда, корҳои бузурги илмӣ-маърифатӣ ва таълимӣ-тарбиявиро ба ҷо меоранд. Моҳи майи соли 1977 дар шаҳри Москва ва Ленинград (ҳозира Санкт  Петербург)  конфронси XI Генералии Шӯрои байналмилалии осорхонаҳо (ИКОМ)  баргузор гардид. Дар он мавзӯю вазифаҳои рушди минбаъдаи равобити маданӣ ва нақши осорхонаҳо дар ғановатмандгардонии муносибатҳои фарҳангӣ, таҳкиму пойдоргардонии якдигарфаҳмии байни халқҳо баррасӣ гардид.

Дар ин ҷамъомади таърихӣ беш аз 1000 нафар намояндагон аз 67 мамлакатҳои ҷаҳон иштирок доштанд. Шӯрои байналмилалии осорхонаҳо пешниҳоди намояндагони осорхонаҳои Русияро дар хусуси ҳар сол ҷашн гирифтани Рӯзи байналмиллалии осорхонаҳо дастгирӣ намуд. Аз соли 1978 сар карда, то  имрӯз беш аз 150 мамлакати ҷаҳон 18-майро чун иди касбии кормандони осорхона қайд менамоянд. Бояд таъкид кард, ки таҷлили Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо қадрдонӣ ва сипосгузорӣ нисбати хидмати пурарзиши кормандон ва эътирофи волои рисолати иҷтимоии осорхонаҳо ба шумор меравад. Дар тӯли ҳазорсолаҳо аз фаъолияти инсоният ашёҳои антиқавӣ ва санъаткоришуда, ёдгориҳои моддию маънавӣ, шоҳасарҳои санъати бадеӣ боқӣ мондаанд, ки он ҳамчун нишона аз таърихи гузаштаи ниёгон дар осорхонаҳо ҷамъоварӣ ва ҳифз карда мешаванд. Музей-осорхона инъикосгари давру замон, рушду нумӯи таърихию фарҳангии  инсоният аст.

Дар замони муосир дар мамлакатҳои Аврупои Ғарбӣ бузургтарин  осорхонаҳо аз қабили Осорхонаҳои Лондон, Лувр дар Париж, Прадо дар Мадрид, Эрмитаж дар Санкт-Петербург, Осорхонаи давлатии таърихии Москва, Метрополитен дар Нью-Йорк, нигористонҳои Дрезден, Третяков дар Москва ва ғайра фаъолият доранд, ки дар рушду такомули фарҳанги ҷаҳонӣ ва робитаҳои фарҳангии байналмилалии байни давлатҳо рисолати таърихии худро сарбаландона ба ҷо меоранд.

Бояд тазаккур дод, ки дар ин осорхонаҳо арзишҳои фарҳангии мардумони Аврупо, Африқои Шимолӣ ва Шарқ маҳфузанду пешкаши тамошобинонанд. Қобили қайд аст, ки як қисми хазинаҳои Осорхонаҳои машҳури мамолики Ғарбиро осори таърихию фарҳанги мардуми Шарқ, аз он ҷумла тоҷикон ташкил медиҳанд.

Дар замони Шӯравӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нахустин осорхонаҳо солҳои 1926 дар Хуҷанд, 1934 дар Душанбе ва солҳои минбаъда дар дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар таъсис дода шуда, тадриҷан рушду такомул ёфтанд. Қайд намудан ба маврид аст, ки дар ин осорхонаҳо дар заминаҳои ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, давраҳои гуногуни таърихи  халқи тоҷик инъикос ёфта ва барои ташаккулёбии ҳисси ватандӯстӣ, худогоҳии миллӣ ва маърифатнокии халқамон нақши назаррас гузоштанд.

Дар даврони Истиқлолият, маҳз бо шарофати соҳибистиқлолӣ дар муҳити иҷтимоӣ-фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши осорхонаҳо ва мақоми ҷамъиятии онҳо ҳамчун падидаи фарҳангӣ боз ҳам меафзояд. Ҳукумати Тоҷикистон барои рушди ҳарчи бештари фарҳанги миллӣ ва ҳифзи мероси ниёгон аҳаммияти ҷиддӣ медиҳад.  Бо шарофати сиёсати хирадмандона ва фарҳангофарии Пешвои  миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба рушди фарҳанг, аз ҷумла осорхонаҳо як қатор қарорҳо ба тасвиб расиданд. Қарорҳо “Дар бораи хазинаи осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” (1996), “Дар бораи фарҳанг” (1997), “Дар бораи осорхонаҳо ва фонди осорхонаҳо” (2004, 2012) ва ғайра қабул гардиданд, ки барои азнавсозӣ, бунёд ва рушди минбаъдаи осорхонаҳои Тоҷикистон мусоидат карданд.

Ба ин хотир дар шаҳру навоҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон осорхонаҳои гуногун ба миён омаданд ва фаъолияти онҳо дар муҳити фарҳангию маънавии замони навини соҳибистиқлолӣ дар баробари вусъат, мазмунан ва шаклан ба тағйироту дигаргунӣ дучор омад.

Алҳол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи маълумотҳои расмӣ ба ҳолати 1 майи соли 2022 ба ҷуз аз осорхонаҳои хусусӣ 102 осорхонаи ҷумҳуриявию вилоятӣ ва шаҳрию навоҳӣ фаъолият доранд.

Дар вилояти Суғд 22 адад осорхонаҳо фаъолият доранд, ки аз байни онон Осорхонаи таърихии вилояти Суғди Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд”, Осорхонаи ҷумҳуриявии таърихӣ-кишваршиносии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар шаҳри Панҷакент, Осорхонаи академик Бобоҷон Ғафурови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Осорхонаи таърихӣ-кишваршиносии шаҳри Истаравшан ва Осорхонаи қасри фарҳангӣ “Арбоб”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Осорхонаи таърихӣ-кишваршиносии “Курушкада”-и ноҳияи Спитамен аз ҷумлаи осорхонаҳои маъруфи кишвар маҳсуб меёбанд, ки нақши онҳо дар ҳифзу нигаҳдошт ва тарғиби фарҳангу таърих ва тамаддуни беш аз 5500-солаи тоҷикон беназир аст.

Дар рӯзи таҷлили Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо рӯзи 18-уми май дар кулли осорхонаҳои шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ чорабиниҳои фарҳангӣ, конфронсҳои илмӣ-амалӣ, намоиши маснуоти ҳунармандони мардумӣ ва маъракаи “Шоми осорхона” барои  тамошобинон ба тариқи ройгон доир мегардад.

Осорхонаҳо ҳамчун таҳкимбахши ифтихори миллӣ барои рушду такомули фарҳанги миллӣ, гиромидошти осори таърихию фарҳангӣ, тарбияи маънавии аҳли ҷамеа рисолати худро бошарафона ба амал тадбиқ хоҳанд кард.

 Мутриба Мамадҷонова мудири шӯъбаи таърихи

 МД “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд

                              

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲООсорхона маҳзани гиромидошти осори таърихию фарҳангии миллат
Scroll to Top