Мусобиқаи “Шоҳмот”
Ҳамасола дар кишвари азизи мо Тоҷикистон санаи 23-юми май “Рӯзи ҷавонон” бо шукӯҳу шаҳомат ҷашн гирифта мешавад.
Бахшида ба ин ҷашн дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ мусобиқаи кушодаи Ҷоми Раиси шаҳр дар Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” оид ба шоҳмот байни наврасону ҷавонон баргузор гардид. Дар мусобиқа намояндагони муассисаҳои таълимӣ шаҳр иштирок намудаанд. Ин мусобиқа дар айвони маҷмаа санаи 12. 05.2022 сол баргузор гардид, ки иштирокчиён ва ғолибон сазовори ҷоиза шуда, бо ифтихорномаю тӯҳфаҳои хотирави қадрдонӣ гардиданд.
Мақсад аз баргузории ин мусобиқа сайқал додани донишу маҳорати наврасону ҷавонон ва мустаҳкам намудани дӯсти ва ифтихор аз давлату миллати хеш мебошад.
Баротова М
китобдори калони
МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”