Боғи Камоли Хуҷандӣ маҳзани истироҳату фароғат
Ҷиҳати хуш гузаронидани истироҳати шаҳрвандон ҳамарӯза аз ҷониби кормандон ва боғбонони маҷмаа корҳои ободиву зебогардони хуб ба роҳ монда мешавад. Барои ба мавсими навбати омода намудани Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ маҷмаа аз ҷониби боғбонон 172 ҳазор адад гулҳои мавсимӣ шинонида шуд, ки барои шинонидани он боғбонон ҳиссаи худро гузоштанд.
Ҳамаи ин кӯшишҳо барои ҳарчи бештару хубтар намудани истироҳати меҳмонони ватаниву хориҷӣ ба назар гирифта шудааст, то ки дар қалби онон ҳисси зебопарастиву ифтихор аз давлату миллат дучанд гардад. Биёед барои ободу зебо намудани шаҳрамон каме бошад ҳам саҳмгузор бошем.
Баротова М
китобдори калони
МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”