Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

МО ЗАФАРМАНДЕМ!!!

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

  Мардуми шарафманди Тоҷикистон Рӯзи Ғалабаро дар радифи халқу миллатҳои дигар ҳамеша бо арҷгузориву қадрдонӣ аз корномаҳои ҷангиву ҷоннисориҳои фарзандони худ ва гиромидошти хотираи неки сарбозону афсароне, ки аз ҷабҳаи набард барнагаштанд, таҷлил мекунанд.

  Имсол низ ин иди пуршукӯҳ бо шаҳомати хоса ва тантанаҳои махсус доир гардид. Аз ҷумла, дар МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” низ дар доираи чорабиниҳои марбут ба ҷашни Ғалаба чорабинии бошукӯҳи фарҳангӣ гузаронида шуд.  Чорабинӣ бо ташаббуси консули генералии Федератсияи Русия дар ш. Хуҷанд, Маркази илм ва фарҳанги Русия ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд баргузор гардида, дар он сокинон ва меҳмонони Хуҷандшаҳр, собиқадорони ҷангу меҳнат, намояндагони воситаҳои ахбори омма, донишҷӯён, муҳассилини муассисаҳои таълимӣ ва тарбиятгирандагони кӯдакистонҳо ширкат варзиданд. Қабл аз оғози барномаи фарҳангӣ намоиши ретро автомобилҳо доир гардид. Ҳамчунин, ошхонаи сайёр низ дар хизмати иштирокдорони чорабинӣ қарор доштанд. Маҳфил бо табрикоти консули генералӣ Варламов А.Н. оғоз гардид. Ӯ ҳамагонро бо ҷашни бузурги Ғалаба муборакбод намуда, миннатдории хешро ба мардуми шарафманди тоҷик изҳор намуд.

Сарвари Маркази илм ва фарҳанги Русия дар ш. Хуҷанд Р.Масан бар баромади худ таъкид намуд, ки “халқи тоҷику рус дар ҳама маврид дастгири ҳамдигар буданду хотираҳои Ҷанги Бузурги Ватаниро пос нигоҳ медоранд”.

  Дар ҷараёни барномаи фарҳангӣ сурудҳои даврони ҷангӣ аз ҷониби тарбиятгарони кӯдакистонҳо, муҳассилини муассисаҳои таълимӣ, ансамбли созию овозии “Садои Суғд” садо доданд. Иштирокдорон ба хотири шаҳидони ин ҷанги мудҳиш лаҳзае хомӯш истоданд. Ҳамнишинони маҳфил дар анҷом бо як овоз суруди машҳури Рӯзи Ғалаба (День Победа) –ро тараннум намуданд.

  Маҳфили фарҳангӣ хеле хотирмон ҷараён гирифт. Дар ҳақиқат, ин санаи таърихӣ натанҳо барои собиқадорони ҷанг ва калонсолон, балки барои наслҳои имрӯза низ гиромиву муқаддас мебошад, чунки он рамзи ватандӯстиву фидокорӣ ва шуҷоату мардонагии падару бобоёни мо барои ҳифзи марзу буми Ватан ва истиқлолу озодӣ ба шумор меравад. Пос нигоҳ доштани хотираи қаҳрамонони майдони набард ва ба ҷо овардани эҳтироми ёди собиқадорони ҷанг қарзи пурифтихори фарзандӣ ва рисолати шаҳрвандии ҳар яки мо мебошад.

А.Ёдгорӣ ­– мудири шӯъбаи оммавӣ-фарҳангии

МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОМО ЗАФАРМАНДЕМ!!!
Scroll to Top