Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

ГУЛЧАНБАРГУЗОРӢ БАР ПОЯИ МУҶАССАМАИ ШАҲИДОН

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

     Дар назди муҷассамаи ёдгории шаҳидони Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945-и шаҳри Хуҷанд бахшида ба 77-умин солгарди  Рӯзи Ғалаба бар фашизми гитлерӣ бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода , намояндагони Консули генералии Федератсияи Русия дар шаҳри Хуҷанд ва дигар шахсони расмӣ маросими гулчанбаргузорӣ баргузор гардид.

Дар ин чорабинии бонуфуз аҳли фарҳанги вилоят аз ҷумла кормандони Муассисаи давлатии  “Маҷмааи фарҳангию таърихии  “Қалъаи Хуҷанд” таҳти роҳбарии омири кулли муассиса Иброҳимов Иброҳим Сангинович иштироки фаъолона доштанд.

Мардуми шарафманди Тоҷикистон ҳамасола Рӯзи Ғалабаро дар радифи халқу миллатҳои дигар ҳамеша бо арҷгузориву қадрдонӣ аз корномаҳои ҷангиву ҷоннисориҳои фарзандони худ ва гиромидошти хотираи неки сарбозону афсароне, ки аз ҷабҳаи набард барнагаштанд, таҷлил мекунанд.

Ғалаба бар фашизм бори дигар собит сохт, ки падарону бобоёни мо бо шуҷоату мардонагӣ, ватандӯстиву матонат бар зидди зулму истибдод ва асорату бандагӣ муборизаи беамон бурда, барои таъмини ояндаи орому осоиштаи инсоният ҷоннисориҳо кардаанд. Аз ин лиҳоз, пос нигоҳ доштани хотираи иштирокдорони ин ҷанги мудҳиш қарзи шаҳрвандии ҳар яки мост!!!

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОГУЛЧАНБАРГУЗОРӢ БАР ПОЯИ МУҶАССАМАИ ШАҲИДОН
Scroll to Top