Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Саҳифаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар экспозитсияи намоишии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Саҳифаи ҶБВ дар экспозитсияи намоишии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд

 

   Ба ғалабаи халқи шӯравӣ бар фашизми Олмон 77 сол пур шуд, ки ин ғалаба дар таърихи башарият бо ҳарфҳои заррин сабт гардидааст.

   Ҳазорон нафар ҷанговарон фиристодагони Тоҷикистон аз он ҷумла аз Вилояти Ленинобод (Суғд) дар муҳорибаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва озод кардани халқҳои Аврупо аз фашистон диловарона иштирок варзида, аз худ қаҳрамониҳои бемислу монанд нишон додаанд.

    Аз вилояти Ленинобод (ҳозира Суғд) 68 ҳазор нафар дар ҷанг иштирок карда, ки 28 ҳазор нафари онҳо ҳалок гардидаанд. 15 нафарашон бо унвони олӣ – Қаҳрамони Иттифоқи Шӯравӣ, ва 10 нафар ордени Шарафи ҳар се дараҷа мукофонида шуданд.

  Фарзандони халқи тоҷик ҳам дар фронтҳои Ҷанги бузурги Ватанӣ ва ҳам дар ҷабҳаҳои меҳнатӣ қаҳрамонӣ нишон дода, дар қатори дигар миллатҳои мамлакат барои ғалаба бар Германияи фашистӣ саҳми арзандаи худро гузоштанд.

  Дар толори Осорхонаи таърихии вилояти Суғд бахшида ба қаҳрамонони Иттифоқи Шӯравӣ экспозитсияи намоишӣ таҳти мавзӯи “Ленинобод  дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ” таъсис дода шудааст, ки дар он 70 - адад нигораҳо мувофиқ ба мавзӯи  Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз маъхази осорхона ҷой дода шудааст, ба монандӣ: нимпайкараи Иосиф Вассарионович Сталин – котиби Генералии Комитети Марказии Ҳизби Коммунистии Иттифоқи Шӯравӣ, яке аз сарварони Иттифоқи Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ ва сарфармондеҳи Артиши Сурх дар давоми ҷанги бузурги Ватании солҳои 1941 1945, нимпайкараи Саидвалиев Саиднафеъ – қаҳрамони Иттифоқи Шӯравӣ, Либоси ҳарбии иштирокчии Ҷанги бузурги Ватанӣ Генерал – майор Юсупов Абдураззоқ, подполковник – Абдуҳамидов Абдуллоҷон, Акс ва сӯзандоруи солҳои ҷанги ҳамшираи тиббӣ Назира Умарова, аксҳои қаҳрамонони Иттифоқи Шӯравӣ, дорандагони унвони “ордени Шараф”, аз он ҷумла пораҳо аз рӯзномаҳо, фармон ба ҷанговарони фронти Ленинград, мактуби аскар Бурсев А.А. барои дӯсташ Борисов П.В., ордену медалҳои иштирокчиёни Ҷанги бузурги Ватанӣ, хоки муқаддас аз замини қаҳрамоншаҳрҳои Москва, Сталинград, Курск ва Қалъаи Брест, ки дар он маконҳо ҷангҳои шадид шуда гузаштааст, гузошта шудаанд.

  Бахшида ба Рӯзи Иди Ғалаба толори навтаъсис созмон дода шуд, ки дар он ҷо яроқу аслиҳаҳо, мусаввараҳову расмҳо ва зиёда аз 60 адад маводҳои иштирокчии ҶБВ - ихтирокор Ҳасанов Муқим гузошта шудааст. Мақсади ба намоиш  гузоштани ин нигораҳо ба тамошобинон имконият медиҳад, ки ин ҷанги мудҳишро ҳаматарафа эҳсос намоянд.

   Дар маъхази Осорхонаи таърихии вилояти Суғд зиёда аз 300 – адад ҳуҷҷатҳо, ордену медалҳои иштирокчиёни Ҷанги бузурги Ватанӣ ба монандӣ: Назаров Тоҷибой, П. Отаев, Пошоев Ҷумъа, Юсупов Раҳмон, Юлдошев Холиқ, Тоҳиров Мамадҷон, Тоҷибоев С., Ҳусейнов Ҳ., Қозиев М., Шевчук Андрей ва дигарон, аксҳо,  5-адад мусаввараҳо доир ба ҶБВ ва яроқу аслиҳаҳо маҳфузанд.

   9-уми май тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” ҳамчун Рӯзи Ғалабaи халқҳо дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (солҳои 1941-1945) эълон гардида, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иди расмии давлатӣ табдил ёфта, ҳар сол ҷашн гирифта мешавад. Дар арафаи ид ҳафтаи “Поси хотир”,  вохӯриҳо бо собиқадорони ҷанг баргузор мегарданд, ки барои тарбияи насли наврас нигаронида шудааст.

    Бигзор насли ояндаи Тоҷикистон бо чунин ҳисси бузурги ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ифтихори миллӣ нерӯи худро танҳо барои ободии Ватани хеш сарф намоянд.

Дар фарҷом бояд таъкид намуд, ки корнамоиҳои фарзандони  тоҷик чи дар фронт ва чи дар ақибгоҳ ҳеҷ гоҳ аз хотири насли имрӯза ва оянда фаромӯш нахоҳад гардид.

 

Корманди илмии МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”

шӯъбаи таърих Исломова С.

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОСаҳифаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар экспозитсияи намоишии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд
Scroll to Top