Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Ба таҷлили 77-умин солгарди Иди Ғалаба

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Ба таҷлили 77-умин солгарди Иди Ғалаба

    Ҳамшаҳриёни азиз Мову Шумо  дар остонаи таҷлили  77-умин солгарди Иди Ғалаба бар фашизм қарор дорем. Маҳз корнамоиву қаҳрамониҳои бемисли бобоёну падарони мо буд, ки имрӯз мо аз фазои беғубори сулҳу дӯстӣ ва озодиву  рафоқат баҳрабар ҳастем.     

Эҳсоси ватандӯстӣ ва мушкилнописандии фарзандони барӯманд ва ватандӯсти миллатамон буд, ки имрӯз барои мо, ки истиқлолияти давлати худро таҳким бахшида, созандагиву бунёдгори ва ободии Тоҷикистони азизро ҳадафи хеш қарор додаем, намунаи ибрат ва сабақ аст.

   Бигзор насли ояндаи Тоҷикистон бо чунин ҳисси бузурги ватандӯстиву ватанпарасти ва ифтихори миллӣ нерӯи худро танҳо барои ободии ватани хеш сарф намояд. Дар остонаи рӯзи пирӯзи бар фашизм, тамоми ҳамватанонро ба муносибати таҷлили ин ҷашни бошукӯҳ- Рӯзи Ғалаба аз номи кулли кормандони   МД  МФТ  “Қалъаи Хуҷанд” табрик намуда, ба ҳамаи Шумоён сарбаланди ва ба собиқадорони азиз саломатӣ, хушбахтӣ ва беҳтарин хушиҳои рӯзгорро таманно дорем!

   Мо дар назди рӯҳи шаҳидони роҳи озодии Ватан, дар назди қаҳрамониҳои падарон сари таъзим фуруд меорем.Хотираи онҳоеро, ки бо гузашти солҳо ба зиндагӣ падруд гуфтаанд, пос медорем.   Эҳтироми собиқадорони ҷанг ва оилаҳои шаҳидони ҷангро ҳамеша ба ҷо меорем.

   Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш нашудааст! Зинда бод корнамоиву қаҳрамони миллати  сарбаланди тоҷик дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ!

 

Маъмурияти  МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОБа таҷлили 77-умин солгарди Иди Ғалаба
Scroll to Top