Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

ШАҲОМОТИ ҒАЛАБА БУЗУРГТАР МЕГАРДАД

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

 

     

      Дар саҳифаҳои таърихи инсоният ҳодисаву воқеаҳое вуҷуд доранд, ки бо гузашти солҳо арзишу мақоми бештар касб намуда, аҳамияти махсуси ахлоқиву маънавиро соҳиб мегарданд. Ғалабаи бузург дар Ҷанги дуюми ҷаҳон аз ҷумлаи ҳамин гуна падидаҳои нодири таърихи умумибашарӣ мебошад. Ба ин муносибат дар толори пазироии  Осорхонаи таърихии вилояти Суғд бахшида ба 77 - солагии Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945                                                конфронси илмӣ таҳти унвони “Шаҳомоти Ғалаба бузургтар мегардад” баргузор гардид.                                                                           Дар конфронси илмӣ намояндагони Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд, Шӯрои собиқадорони ҷанговарони интернатсионалист,  устодони МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, ба номи академик Б.Ғафуров”, афсарону сарбозони қисми ҳарбии 3501-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони муассисаҳои Раёсати фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, хонандагони Гимназияи №4-и шаҳри Хуҷанд, намояндагони Васоити ахбори омма ва кормандони МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” иштирок доштанд.

    Чорабинӣ бо сухани ифтитоҳии омири кулли МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” Иброҳимов И.С. оғоз гардид. Он кас меҳмононро ба чорабинӣ хайрамақдам намуда, зикр доштанд, ки “77-сол муқаддам дар ҳамин гуна рӯзҳои баҳорон хабари маҳви фашизми гитлерӣ, анҷоми музаффаронаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва муждаи Зафар дар рӯи замин танинандоз гардид.

   Ҳар қадар, ки таърих моро аз он солҳои мудҳиши ҷанг дуртар мебарад шаҳомати корномаи беназири халқ ҳамон қадар бароямон равшантар мегардад ва сабақи таърих аҳамияти бештар пайдо мекунад”.

    Дар конфронс маърӯзаҳои Ф. Усмонова - мутахассиси пешбари маркази илмӣ-методии Раёсати фарҳанги МИҲД вилояти Суғд “Ғалаба – Рамзи рӯҳи шикастнопазир”, Алиев Ш. Б. – муовини раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати вилояти Суғд, Корманди шоистаи Тоҷикистон  таҳти унвони “Саҳми Тоҷикистон ва тоҷикистониён дар Ғалабаи бузург”, “Қаҳрамониҳои тоҷикистониён дар набардҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ” - Шарипов Муҳаммад - муаллими калони кафедраи таърихи Ватан ва археологияи факултети таърих ва ҳуқуқи МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров”, Исломова С. - корманди илмии шӯъбаи таърихи давраи муосири МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” таҳти унвони “Саҳифаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар экспозитсияи осорхона” ба самъи ҳозирон расонида шуд.

    Барои ҳамкории доимӣ ва саҳми босазо дар кори пуррагардонии фонди осорхона ба Комилҷонов Заҳибулло ва иштирок дар чорабиниҳои фарҳангӣ майор Олимҷонзода Гулчеҳра бо Сипосномаи МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” сарфароз гардонида шуданд.

    Барои болидахотирии табъи иштирокдорони чорабинӣ суруди “Тоҷикистон” дар иҷрои сержанти хурд Эрматов Худойназар пешкаш гардид.

     Дар анҷоми чорабинӣ бо даъвати омири кулли МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” иштирокдорон аз толори намоишии навбатӣ, ки яроқу аслиҳаҳои ҷангӣ аз фонди осорхона аст, дидан намуданд.

    Мо Рӯзи Ғалабаро бо арҷгузориву қадрдонӣ аз корнамоиҳои ҷангиву ҷоннисориҳои ҳамдиёронамон ва гиромидошти хотираи неки сарбозону афсароне, ки аз ҷабҳаи набардҳои хунини Ҷанги Бузурги Ватанӣ барнагаштаанд, таҷлил менамоем.

    Бо гузашти солҳо шукӯҳу шаҳомати Ғалаба дар қалб ва хотираи мо боз ҳам қавитар гардида, ҳисси эҳтиром ва қадршиносии насли ҷавон нисбат ба иштирокдорони ҷанг торафт бештар мегардад. Пос нигоҳ доштани хотираи қаҳрамонони майдони набарду заҳматкашони ақибгоҳ  ва ба ҷо овардани эҳтироми ёди онҳо қарзи пурифтихори фарзандӣ ва рисолати шаҳрвандии ҳар яки мо мебошад.

Аслиниссо Ёдгори-мудири шӯъбаи

оммавӣ-фарҳангӣ ва робита бо ҷомеа

 

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОШАҲОМОТИ ҒАЛАБА БУЗУРГТАР МЕГАРДАД
Scroll to Top