Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

“ШОҲНОМА”-И АБУЛҚОСИМ ФИРДАВСӢ

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

  “Шоҳнома”- и Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ аз шумораи он осори гаронбаҳои фарҳангист, ки чун китоби халқ дар канори ишқу ихлос ва оғӯши завқу андешаи мардумон аз осеби забонаҳои диду оташи ҳаводиси рӯзгорон ва дандонаҳои арраи бедоди замонҳо то имрӯз маҳфуз мондааст.

   Абулқосим Фирдавсӣ асари безаволи худ “Шоҳнома”-ро дар муддати 30-35 сол навиштааст. Ҳамоса аз 60 ҳазор байт иборат аст ва бузургтарин ҳамосаи ҷаҳон, ки ба қалами як шахс тааллуқ дорад ба ҳисоб меравад. Фирдавсӣ асари худро дар замоне навишт, ки давлати бузург ва муттамаркази тоҷикон- Сомониён гирифтори кашмакашҳои дохилӣ буд. Ӯ дар дар синнӣ 35-солагӣ пас аз онки ба Бухоро ва дигар ҷойҳо сафар карда, бар иловаи “Шоҳномаи Абӯмансурӣ” дар бораи гузашти мардумони Эрон маълумоти муфассал ҷамъ овард, ба танзими хамосаи худ “ Шоҳнома ” шурӯъ намуд.

   Муқаддимаи “Шоҳнома” аз бобҳои “оғози китоб”, “гуфтор андар ситоиши хирад”, гуфтаҳоро дар офариниши олам, мардум, “Ситоиши паёмбар ва ёронаш” фароҳам омадааст. Достон аз се фасли асоси иборат аст: фасли якум ба таърихи Пешдодиён, фасли дуюм ба таърихи Каёниён ва фасли сеюм ба таърихи сулолаи Сосониён бахшида шудааст. Матни аслии достон аз тасвири таърихи 50 подшоҳони Эронзамин (азКаюмарс то Яздигурди III) таркиб ёфтааст.

“Шоҳнома”-ро ба се бахш метавон ҷудо кард:

1)             Асотирӣ, 2) паҳлавӣ, 3) таърихӣ.

  Баъд аз омода шудани достони “Шоҳнома ”, ки дар он муддат давлати Сомонӣ аз по афтода, аз ҳомиёни шоир касе намонда буд. Абулқосим Фирдавсӣ он гоҳ аз рӯи маслиҳати яке аз одамон хайрандеш “Шоҳнома”-ро ба султон Маҳмуди Ғазнавӣ, ки ба сари ҳокимият омада буд, тақдим намуд. Лекин Маҳмуд  ин тӯҳфаи шоиронаро рад намуд ва чунон, ки нақл мекунанд, ҳатто шоирро аз сабаби тасвир намудани қаҳрамон ва подшоҳони пеш аз исломӣ ба кофирӣ айбдор намуда, бифармуд, ки ба зери пои фил партоянд.

  Ҳоло дар толори намоишии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд нусхаи китоби “Шоҳнома”-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ ки ба асри ХХ таалуқ дорад ба маърази тамошобинон гузошта шудааст. Ҳамчунин,  нусхаи китоби “Шоҳнома” – Абулқосим Фирдавсӣ ки аз тарафи собиқ сафири фавқуллодаи Ҷумҳурии исломии  Эрон Оғои Алиасғари Шеърдӯст соли 2011 ба осорхона тӯҳфа карда шудааст, ба намоиш гузошта шудааст.

Сайфиева Ш.-роҳбалади Осорхонаи таърихии вилояти Суғд

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲО“ШОҲНОМА”-И АБУЛҚОСИМ ФИРДАВСӢ
Scroll to Top