Чуноне, ки аз суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеояд “Пос доштани хотираи неки фарзандони шуҷои Ватан, ки барои зиндагии осудаи наслҳо ҷонбозҳо кардаанд ва собиқадорони меҳнат, ки дар ақибгоҳ шабу рӯз заҳмат кашидаанд, вазифаи муқаддас ва қарзи виҷдонии ҳар як фарди ҷомеа мебошад. Корномаву диловарии фарзандони боору номуси он солҳо ҳамеша намунаи ибрати наслҳои имрӯзу оянда хоҳад буд, чунки омӯзиши таҷрибаи онҳо, маслиҳатҳои муфид ва насиҳатҳои падарона, кору пайкор ва зиндагиву фаъолияти собиқадорони ҷангу меҳнат ба наслҳои имрӯз ва фардои миллати тоҷик барои бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва пешрафта ҳамеша дастури зиндагиву фаъолият мебошад”.
Аз анҷоми Ҷанги Бузурги Ватанӣ вақти зиёд гузашта бошад ҳам, мардуми диёрамон қаҳрамонию корнамоиҳои ҷанговарони ҷасуру қавииродаро асло ҳам фаромӯш намекунанд. Дар муҳорибаҳои шадиди Ҷанги Бузурги Ватанӣ баробари дигар халқҳо фарзандони некноми Тоҷикистон низ ҷонбозиҳо карда, рӯзи музаффариятро наздик гардонида буданд.
Корнамоиҳою қаҳрамониҳои ҳамдиёрамон Домулло Азизов, Ҳодӣ Кенҷаев, Исмоил Ҳамзаалиев, Раҳимбой Раҳматов, Фатҳулло Ахмедов, Тӯйчӣ Эрйигитов, Саиднафеъ Саидвалиев, Пӯлод Отаев, Оқилов Раҳматҷон ва садҳо дигарон дар китоби таърих бо ҳарфҳои заррин навишта шудаанд.
Яке аз шахсиятҳое, ки аз рӯзҳои аввали ҷанг дар набардҳои хунин ҷангида буд ин ҷанговар - ихтироъкор Ҳасанов Муқим мебошад. Ӯ 31 декабри соли 1922 дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дунё омадааст. Ҷангро дар шаҳри Ровно (Украинаи Ғарбӣ) ба сифати радиочӣ-мототсиклист сар карда, дар мудофиаи Сталинград ба сифати ёрдамчии командири гурӯҳи идоракунии иштирок намудааст ва дар Берлин ба сифати капитани қӯшунҳои техникӣ, дар ҳайати полки алоқаи 105-ми қӯшунҳои ҳамлаовари 3-юми фронти 2-юми Белоруссия ҷангидааст. Дар рӯи деворҳои Рейхстаг сабти навиштаҷоти “Сталинобод-Масква-Берлин”барои поси хотири бародарон - ҳамяроқони худ гузоштааст.
Баъд аз итмоми ҷанг соли 1940 ба Донишгоҳи политехникии Осиёи Миёна дохил шуда, онро соли 1950 бо ихтисосои муҳандис-электрик хатм мекунад. Мувофиқи шавқу завқ ба аспирантураи Институти автоматика ва телемеханикаи академияи илмҳои ИҶШС дохил шуда, рисолаи номзадиро аз рӯйи ихтисоси “Механиконӣ ва автаматикунонии истеҳсолот” ҳимоя намудааст.
Вақти бозгашт ба шаҳри Душанбе ӯ ҷонишини директори генералӣ оид ба масъалаҳои илмию техникӣ ва баъд директори генералии комплекси истеҳсолии “ЭЛТО” таъин гардида, дар ин вазифа бусту як сол фаъолият намудааст.
Муқим Ҳасанов аъзо-корреспонденти муҳандисии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, муаллифи беш аз 96 кори илмӣ ва 16 ихтироъ дар соҳаи механиконӣ ва автаматикунонии истеҳсолот мебошад. Ғай аз ин, дорандаи мукофотҳои ҷангию меҳнатӣ аз ҷумла: 4-орден 19-медал мебошад.
Баъд аз нафақа баромадан, ӯ ба бюрои махсусӣ технологию конструктори мошинасозии шаҳри Душанбе ба кор медарояд ва шӯъбаи молҳои сермасрафро ташкил дода, роҳбари менамояд. Яке аз коркардҳои беҳтарини ӯ просессҳои хӯроквории маишӣ ва саноатӣ аст, ки бо супориши Иттиҳодияи истеҳсолии нассоҷии Тоҷикистон иҷро шудааст.
Ҳамчунин ӯ дар коркарди асбобҳо ва мошинҳои нодир машғул буд, ки дар қатори онҳо ченкунакҳои обу гази маишии замонавӣ, микростансияҳои электрикии обӣ ва стансияҳои электрикии бодӣ барои ноҳияҳои кӯҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Аз ҷониби кормандони илмии Осорхонаи таърихии Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” тибқи нақшаи корӣ баҳри ғанӣ гардонидани маъхази осорхона ба муносибати Иди Ғалаба аз авлодонашон Комилҷонов Заҳибулло 50 – адад маводҳои шахсии ин шахсияти бузург Муқим Ҳасановро ҷамъоварӣ намуданд, ки дар оянда дар экспозитсияи намоишии толорҳои навбунёди осорхона ҷой хоҳан дод.
Мутриба Мамадҷонова – мудири шӯъбаи таърихи
МД “МФТ “Қалъаи Хуҷанд”