Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

ОҒОЗИ ТАНТАНАҲОИ БОШУКӮҲИ НАВРӮЗӢ ДАР ШАҲРИ ХУҶАНД

User Rating:  / 3
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Дар оғози боздид аз Хуҷандшаҳри бостонӣ дар маркази он бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон боғи навсозишудаи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ бо пайкараи ӯ, мақбара ва хонаю чорбоғи рамзии ин шоири ширинкаломи тоҷик, ки оромгоҳи воқеияш дар шаҳри Табрези Ҷумҳурии Исломии Эрон қарор дорад, ифтитоҳ ёфт.

Хотиррасон бояд намуд, ки навсозии боғи Камоли Хуҷандӣ соли 2014 бо супориши Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон оғоз ёфт ва тавре аён мегардад, дар муддати кӯтоҳ ин боғ ба як мавзеи басо зебою рӯҳафзои сайру тамошо, шиносоӣ бо рӯзгору сарнавишти саршор аз сахтиҳои ғарибии ин устоди шеъри ноби тоҷикӣ ва ҳамчунин ба мавзеи истироҳату фароғат табдил ёфтааст.

Дар ҳудуди боғ аз ҷониби Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва намояндагони аҳли адаби тоҷик пеш аз ҳама парда аз болои пайкараи навбунёди Камоли Хуҷандӣ бардошта шуд, ки аз метали биринҷӣ аз ҷониби ҳайкалтарош Даврон Раҳматов сохта ва атрофаш бо сангҳои хорои маҳаллӣ оро дода шудааст. Баландии ҳайкал 7 метр ва бо зерпояаш 12 метр мебошад.

Аз ҷониби Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар оромгоҳи рамзии Камоли Хуҷандӣ, ки бо гузашти садсолаҳо пас аз дунёро дар ғарибиҳо падрӯд гуфтани ин шоиру орифи ғазалсаро дар зодгоҳаш бунёд ёфтааст, мушти хоке рехта шуд, ки аз марқади воқеии ӯ аз шаҳри Табрези Эрон оварда шудааст.

Хотирнишон бояд кард, ки бо супориши Сарвари давлат Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ бо ҳайати ҳамроҳон ба шаҳри Табрези Эрон сафар намуда, моҳи ноябри соли 2014 аз оромгоҳи Камоли Хуҷандӣ  хоки турбати шоирро ба Хуҷанд оварда буд. Имрӯз қалъаи Хуҷанд ва атрофи он, боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ ба ободониву бунёдкорӣ ва азнавсозӣ фаро гирифта шуда, дар ин ҷо мақбараи рамзии шоир ва орифи шинохтаи тоҷик Камоли Хуҷандӣ қомат афрохтааст. Дар паси мақбара Хонаи Хоҷа Камол бо ороишот ва нақшу нигори миллӣ дар масоҳати 0,60 га, музей бунёд шудааст. Яке аз аломатҳои хонаҳои асримиёнагӣ - чорбоғи Хуҷанд буда, дар он дарахтони зардолу, бодом ангур ва анор шинонда шудааст. Обшорони боғи Камол бошад дар масофаи 150 метр сохта шуда, дар он сангҳои сиёҳ, сурх, зард ва сафед истифода бурда шудааст.

Сарҳавзи Хуҷанд бошад бо 40 бех сиёҳбед оро дода шудааст. Дар сохтмони хонаи асримиёнагии Камоли Хуҷандӣ се гурӯҳ устоҳои ватанӣ давоми як сол кор карданд.

Бо ҳунари дастони устоҳо аз ноҳияи Бобоҷон Fафуров ва шаҳри Исфара кандакорӣ ва нақшу нигори ҳуҷраҳои ҳудуди боғ ва се айвон анҷом дода шудааст. Дар обод кардани боғ нақши мутахасисони эронӣ низ хеле калон мебошад.

Дар барқарорсозии боғи фарҳангӣ ширкатҳои ҶДММ «Суғдсохтмон-1», ҶДММ «СМС», ҶДММ «Само», ҶДММ «ПССО-2», ҶДММ «Су-5» саҳм гузоштаанд.

Бо дастури Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон қисми низомии  3501, ки дар ҳудуди қалъаи Хуҷанд буд, ба соҳили рости дарёи Сир кӯчонида шуд.

Ҳамчунин бо мақсади омодагиҳо ба ҷашни 700 - солагии Камоли Хуҷандӣ, ки соли 2020 таҷлил карда мешавад Муассисаи давлатии «Маркази илмии ба номи Камоли Хуҷандӣ» ташкил дода шуда, ин муассиса ба ҷамъоварии маводҳои дастхати шоир ва паҷӯҳиши осори ин шоири шинохта машғул аст.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар назди мардуми сершумори Хуҷандшаҳр ва аҳли зиёи Тоҷикистон, ки беш аз 200 нафарашон аз маркази ҷумҳурӣ ва дигар вилоятҳои шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба ин ҷо барои иштирок дар тантанаҳои ҷумҳуриявии наврӯзӣ ташриф овардаанд, суханронӣ намуда, кулли онҳо ва ҳамаи мардуми Тоҷикистон, ҳамватанони бурунмарзӣ ва тамоми мардумони ҷашнгирандаи Наврӯзи ҷаҳониро бо фаро расидани ин иди фархунда бори дигар табрику таҳният гуфт. Ба мардуми шарифи Тоҷикистон ҳамчунин барои ифтитоҳи боғи навсозишудаи Камоли Хуҷандӣ бо иншооти навбунёдаш суханҳои шодбошӣ гуфта шуд.

Зимни суханронӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла ба масъулин дастур дод, ки Қалъаи таърихии Хуҷанд ва боғи Камоли Хуҷандиро оянда ба як осорхона дар зери осомони кушод бо растаҳои ҳунармандон табдил диҳанд ва таъкид дошт, ки ин кор боиси ҷалби ҳарчи бештари сайёҳон аз дохил ва хориҷи кишвар мегардад.

Ба Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ, ки ба тозагӣ таъсис дода шудааст ва дигар муассисаҳои илмию фарҳангӣ дастур дода шуд, ки корҳоро барои ҷамъоварӣ, омӯзиш ва табъу нашри дастхатҳои девони Камоли Хуҷандӣ вусъат диҳанд.

Тибқи дастури дигари Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон муасисаи давлатии маҷмааи таърихӣ- фарҳангии Қалъаи Хуҷанд таъсис дода мешавад, ки он аз осорхонаи кишваршиносӣ, қалъаи таърихӣ, хонаи Камол ва боғи Камол иборат хоҳад буд.

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲООҒОЗИ ТАНТАНАҲОИ БОШУКӮҲИ НАВРӮЗӢ ДАР ШАҲРИ ХУҶАНД
Scroll to Top