«Шабистони нукот ва Гулистони луғот» ё «Шабистони хаёл» – яке аз асарҳои машҳури насрии фалсафию ахлоқии маҳсуб меёбад. Асари мазкур соли 1440 аз тарафи шоир, нависанда ва хаттоти маъруфи авохири асри XIV ибтидои асри XV Мавлоно Яҳёи Себак Фаттоҳии Нишопурӣ таълиф шудааст. Шабистони нукот дар пайрави «Гулистон»-и Саъдии Шерозӣ навишта шудааст. «Шабистони нукот» аз муқаддима, ҳашт боб (ҳар боб чанд фасле дорад) ва хотима таркиб ёфтааст.
Яке аз хусусияти беҳтарини асар дар он аст, ки шоир андешаҳое ки ба тариқи наср гуфтааст дар охир бо ягон байту рубоиву қитъаҳои мувофиқ тамом кардааст. Шаклу услуби маъниҳои аҷиби «Шабистони нукот» омили дар бисёре аз мамолики Шарқ шуҳрат ёфтани асар гардидааст, ки аз нимаи аввали асри XVI шарҳнависӣ ба ин асар оғоз ёфта пайравони зиёде пайдо кард. Аз ҷумла, соли 1572 «Роҳати ҷон» ном асари Бурҳони Шавқӣ дар пайравии «Шабистон» таълиф гардид. Дар асри XVII Мулло Турсуни Фароизӣ «Шамъи шабистон» ва Ҳоҷи Баҳром «Шамъи шабистони хаёл» ном асари худро ба шарҳи асари мазкур бахшидаанд. Таъбири асар ҳатто дар ҷумлаи талмеҳу ташбеҳоти шеъри форсӣ ворид гардидааст, ки байти Мулҳами Самарқандӣ намунаи он аст:
Ҳар нуқта зи лаъли ту гулистони хаёл аст,
Зулфат рақами шарҳи «Шабистони хаёл»
«Шабистони нукот» соли 1913 дар Тошканд ба тарзи литографи чоп шудааст, ки аз ин нусхаи мазкур дар МД МФТ «Қалъаи Хуҷанд» низ таҳти рақами 4313 нигоҳдорӣ мешавад. Нусхаи мазкур аз 191 саҳифа иборат буда саҳифаҳои афтода ва фарсудагӣ надорад ва бо саъю эҳтимоми Ғулом Ҳайдархони Кобулӣ ба табъ расидааст.
Адабиётҳо:
Исобоев Д – Мудири шуъбаи
дастхатҳо ва табъу нашри
МД МФТ «Қалъаи Хуҷанд»