Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Ахлоқи Ҷалолӣ

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

   Номи пурраи китоб «Лавомеъ-ул-ишроқ фӣ макорим-ил-ахлоқ» мебошад. Муаллифи асари мазкур мутафаккири форсу тоҷик Ҷалолуддини Давонӣ (1427-1503) мебошад, ки онро соли 1475 таълиф кардааст. Китоб аз 3 фасл: таҳзиби ахлоқ, тадбири манзил ва сиёсати шаҳрҳо иборат аст, ки дар зайл маълумоте дар бораи онҳо дода мешавад. Муаллифи асар дар фасли якум табиӣ будани ахлоқи инсонро рад карда, бо таъсири таълиму тарбия тағйир ёфтани онро қайд кардааст. Чи хеле ки ба мо маълум аст илми ахлоқ бо илми тиб қиёс шудааст. Тиб барои нигоҳ доштани саломатии инсон зарур бошад, ахлоқ барои тарбияи нафси инсон ва нигоҳ доштани инсон аз ҷабру ғазабу феълу хӯй муҳим мебошад. Дар фасли дуюм муаллиф дар бораи тадбири манзил сухан рондааст ва қайд кардааст, ки ҳар як инсон ба таъминоти моддиву маънавӣ ниёз дорад, ки дар паи баровардани он талош менамояд. Дар фасли сеюми асари мазкур муаллиф дар бораи иттиҳоди одамон дар ҷамъият сухан рондааст. Дар китоби худ Давонӣ аҳли ҷамъиятро ба 4 гурӯҳ – олимон, лашкариён, ҳунармандону савдогарон ва зироаткорон ҷудо намудааст. Дар охири асар муаллиф васиятҳои Афлотуну Арастуро илова кардааст.

Соли 1839 асари мазкур дар Лондон ба забони англисӣ ба чоп расидааст. Дар МД МФТ «Қалъаи Хуҷанд» низ ин асар таҳти рақами 4309 маҳфуз аст. Ин нусха соли 1889 дар матбааи Нувал Кишури Лакҳнави Ҳиндустон ба чоп расидааст ва дар ҳолати хуб қарор дорад ва барои истифодабарии хонандагону донишҷӯён бисёр муфид мебошад.

Исобоев Д – Мудири шӯъбаи

дастхатҳо ва табъу нашри МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” 

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОАхлоқи Ҷалолӣ
Scroll to Top