Мо дар ҷаҳони имрӯз фарҳанги беназир дорем ва вориси тамаддуни беш аз шашҳазорсола ҳастем. Баробари ин шахсиятҳои бузурги фарҳангию таърихие дорем, ки ҳар кадоми онҳо мавриди эҳтироми хосу ом мебошанд.
Эмомалӣ Раҳмон
Санаи 22 апрели соли 2022 тибқи нақшаи кории Раёсати Муаасисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” дар ҳамбастагӣ бо Осорхонаи таърихии вилояти Суғди Муасссисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” конференсияи вилоятии илмӣ – амалӣ таҳти унвони “Нӯмон Неъматов – муаррих ва бостоншиноси номии кишвар” бахшида ба 95- солагии зодрӯзи академик Нӯъмон Неъматов баргузор гардид.
Чорабиниро ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, доктори илмҳои таърих, профессор – Усмонзода Аюб Ислом ифтитоҳ намуда, зикр намуд, ки Академик Неъматов Нӯъмон зодаи шаҳри Хуҷанд буда, бостоншинос ва муаррихи варзидаи тоҷик буда, ӯ Доктори илмҳои таърих, профессор, олими забардаст ва номдори кишвар, академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд буд, ки дар эҳёи таърихи миллат саҳми арзанда гузоштааст, сипас Тоҷибой Султонӣ – мудири шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа табрикоти Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзодаро ба ҳозирин ирсол намуд. Набиҷон Раҳимов – доктори илмҳои таърих, профессори кафедраи таърихи Ватан ва археология дар мавзӯи “Саҳми академик Нӯъмон Неъматов дар ташаккулёбии мактаби илмии бостонишиносии тоҷик”, Шарифов Шавкат – номзади илмҳои таърих, дотсенти кафедраи таърихи Ватан ва археология дар мавзӯи “Академик Нӯъмон Неъматов – сарвари Маркази илмӣ – тадқиқотии ЮНЕСКО-и назди ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров”, Иброҳимов И.С. – омири кулли МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” оид ба саҳм ва ташаббуси академик Нуъмон Негматов дар арафаи ҷашнгирии 2500 – солагии шаҳри Ленинобод (ҳозира Хуҷанд) 27 ноябри соли 1986 ва дар шафати девори шарқии Қалъаи Хуҷанд ташкил намудани аввалин Осорхонаи бостоншиносӣ ва истеҳкомотии шаҳри Хуҷанд суханронӣ намуданд.
Дар конференсия намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, устодону омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, кормандони илмии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд, омӯзгорони муассисаҳои таълимии шаҳри Хуҷанд, намояндагони васоити ахбори омма иштирок намуданд.
Аз ҷониби кормандони илмии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд гӯшаи намоишӣ ташкил карда шуд, ки иштирокдорони конференсия аз ҳаёт ва фаъолияти академик Нӯъмон Неъматов аз наздик шинос шуданд.
Нодирахон Олимова
ҷонишини омир оид ба корҳои илм