Азимов Раҳим Азизбоевич дар моҳи сентябри соли 2016 аз ҳавзаи якмандатаи вилояти Киров, депутати Думаи давлатии Русия интихоб шудааст. Ӯ зодаи шаҳри Исфараи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Мавсуф аз фаъолияти депутатиаш пайваста ахбор пахш мекунад ва дар қабулгоҳи электронӣ ҳамеша бо интихобкунандагони худ дар иртибот аст. Дар корҳои ободонӣ ва расонидани ёрӣ ба дармондагон яке аз чеҳраҳои шинохта ба ҳисоб меравад.
Азимов Раҳим Азизбоевич, ки дар Федератсияи Русия ҳамчун намояндаи миллати тоҷик шинохта шудааст, зимни сафар ба Тоҷикистон аз МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” низ дидан намуд. Меҳмонон аз толорҳои намоишии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд аз наздик шинос шуданд.
Ба меҳмонон аз ҷониби мутахассисони ботаҷриба сайри илмии таърихӣ гузаронида шуда, онҳо аз таърихи таъсисёбии муассиса огоҳӣ пайдо намуда, аз толорҳои экспозитсионӣ дидан намуданд. Диққати меҳмононро бештар ороишоти толори эллинистӣ, бозёфтҳо аз Саразми бостон, китобу дастхатҳо ва нигораҳои нодир ҷалб намуд.
Ҳайати меҳмононро консули Федератсияи Русия дар вилояти Суғд Варламов А.Н. ҳамроҳӣ намуданд.
Аслиниссо Ёдгори-мудири шӯъбаи
оммавӣ-фарҳангӣ ва робита бо ҷомеа