Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

ҲУНАРМАНД ҲАР ҶО БУВАД САРФАРОЗ

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

“Эҳё”- ин толори намоишии навбатӣ дар Осорхонаи таърихии вилояти Суғд аст, ки бо маводҳои ҳунарманд Мамадҷонова Дилором ороиш ёфтааст. Дар намоиш наздик 60-адад маҳсули ҳунари муаллима ба маърази тамошо гузошта шудааст ва он тӯли як моҳ идома меёбад.

Ҳунарманд Мамадҷонова Дилором бештар ба омода намудани гобелен, ки як навъ санъати ороишии амалӣ ба ҳисоб меравад, таваҷҷуҳи хоса доранд. Тасвирҳои муаллима дилчаспу назаррабо рӯи кор омадаанду бинандаро бо табиати зебои диёри тоҷикон ва бузургони он шиносо менамоянд. Гобиленро бо нахҳои абрешимӣ ва пашминаи рангоранг, инчунин, риштаҳои зарандуд ё нуқрагӣ дар дастгоҳҳои махсус мебофанд.

Агар ба таърихи санъати ороишии амалӣ – гобилен назар андозем, маълум мешавад, ки соли 1662 дар ноҳияи Сен – Марсели Фаронса бо мадади Людовики XIV Мануфактураи шоҳонаи қолинҳои суратдори бародарон Гобеленҳо (рангмолони авлодӣ) ташкил карда шуд ва қолинҳое, ки ин корхона истеҳсол мекард, Гобилен ном гирифтанд.  Гобилен баъзан аз рӯи мусаввараҳои рассомони маъруф таҳия мегардид. Арзиши бадеии гобилен дар асрҳои XVII-XVIII то дараҷае баланд гардид, ки корхонаҳои қолинбофии Фаронса ва чандин мамлакатҳои Аврупои Ғарбӣ қолинҳояшонро гобилен номиданд.

Дар Тоҷикистон низ санъати гобилен роиҷ аст.  Ҳунарманд Мамадҷонова Дилором мегӯяд, ки “Дар айни замон барои дастӣ тайёр кардани гобилен маводи гуногун истифода мешавад: нахҳои сунъӣ, синтетикӣ ва табиӣ”. Техникаи бофти гобилен хеле заҳматталаб аст, бо вуҷуди ин иродаи мустаҳками муаллима водор менамояд, ки ин мушкилиҳо бо муваффақият паси сар гарданд. Аз ин лиҳоз аст, ки муаллима дар байни ҷомеа мақоми худро пайдо карда тавонистаанду дар ҳама ҷо сарфароз гардидаанд. Маҳсули дастони Мамадҷонова Дилором дар чандин намоишҳои шаҳриву вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ ба маърази тамошо гузошта шудааст.  Алҳол муаллима Мамадҷонова дар мактаби санъати шаҳри Бӯстон ба тарбияи шогирдон машғул ҳастанд. Мо ба муаллима дар фаъолияти минбаъдаашон муваффақиятҳо орзу менамоем. 

Аслиниссо Ёдгори-мудири шӯъбаи

оммавӣ-фарҳангӣ ва робита бо ҷомеа

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОҲУНАРМАНД ҲАР ҶО БУВАД САРФАРОЗ
Scroll to Top