Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Ҷузъе аз сарнавишти миллат

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Тибқи барқияи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақшаи кории МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” дар толори пазироии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд ба ифтихори Рӯзи байналмиллалии ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ, меъморӣ, фарҳангӣ ва 180-солагии Ҳоҷӣ Юсуф Мирфаёзов конфронси илмӣ таҳти унвони “Ёдгориҳои таърихӣ – ҷузъе аз сарнавишти миллат” доир гардид.

Дар чорабинӣ аъзоёни Шӯрои илмии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд, устодон ва донишҷӯёни МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров”, намояндагони муассисаҳои Раёсати фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сарварони осорхонаҳо ва котибони масъули бахши ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва меъмории навоҳии вилоят, аъзоёни бахши суғдии Академияи мусаввирон ва рассомони Тоҷикистон, намояндагони ВАО ва кормандони МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” иштирок доштанд.

Чорабиниро омири кулли Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд”  Иброҳимов И.С. оғоз карда, иштирокдорони чорабиниро ба ифтихори ин рӯзи таърихӣ муборакбод намуд.

Мавсуф изҳор дошт, ки “Рӯзи байналмилалии ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ, меъморӣ ва фарҳангӣ ҳамасола дар таърихи 18 апрел ҷашн гирифта мешавад. Ин сана аз ҷониби Маҷмааи Шӯрои байналмилалӣ оид ба ҳифзи ёдгориҳо ва ҷойҳои тамошобоби таърихӣ (ИКОМОС) назди ЮНЕСКО соли 1983 муайян карда шудааст. Ҳадафи асосии ҷашни мазкур ҷалби таваҷҷуҳи инсоният ба ҳифзи мероси ниёгон ва мерос мондани он ба наслҳои оянда буда, аз ҷониби кормандони соҳаи ҳифзи мероси моддӣ ва ғайримоддӣ вазифаи шаҳрвандии ҳар фарди ҷомеа ба ҳисоб меравад”.

Дар Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо аз рӯзҳои аввали ба даст овардани Истиқлолият ба масъалаҳои ҳифз ва нигоҳдории объектҳои таърихӣ ва зиёратгоҳҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон диққати махсус дода мешавад.

Ёдгориҳои мероси таърихию фарҳангии халқи тоҷик пайвандгари ҳаёти моддӣ ва маънавии ниёгони мо буда, дар маҷмӯъ онҳо саҳифаҳои таърихи чандҳазорсолаи ин миллати бузургро ба ҳам мепайвандад, ки яке аз он мавзеъҳо ин Хона - осорхонаи Ҳоҷӣ Юсуф Мирфаёзов ба ҳисоб меравад.

Ҳоҷӣ Юсуф Мирфаёзов олими ҷуғрофишинос ва нуҷум, табиатшинос, картограф, табиб, мироб, сайёҳи номӣ ва шахси маъмур ба ҳисоб мерафт.  Ӯ аввалин шахсе буд, ки аз байни аҳолии маҳаллӣ кураи арзро мустақил ихтироъ кардааст. Кураи арз соли 1895 сохта шуда, аз ҷиҳати илмӣ хеле мукаммал мебошад. Нусхаи он дар толори Осорхонаи таърихии вилояти Суғд ба маърази тамошо гузошта шудааст.                                                                  Дар рафти чорабинӣ Фароғат Усмонова - мутахассиси пешбари маркази илмӣ-методии Раёсати фарҳанги МИҲД вилояти Суғд таҳти мавзӯи “Ёдгориҳо бозгӯи таъриху тамаддун”, Раҳимов Н.Т. - доктори илмҳои таърих, профессори МДТ “ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров дар мавзӯи “Ёдгории нодири бостоншиносии тоҷик: Тахти Сангин”, Ӯлмаси Хол – корманди илмии Хона-осорхона таҳти мавзӯи “Хона-осорхонаи Ҳоҷӣ Юсуф Мирфаёзов ва таърихи он”,  Ҳаитқулов Ҷасур - омӯзгори фанни таърих, роҳбари маҳфили “Гулистони сухан”-и ш.Гулистон доир ба “Саҳми геологи тоҷик Ҳоҷимат Турсунов дар кори бақайдгирии конҳои қадима”  ва дар мавзӯи “Эҳёи Қалъаи Хуҷанд” – Маҳмудов Нурулло – корманди илмии шӯъбаи дастхатҳо ва табъу нашри  МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” ба сухан баромада, оид ба ҳифзу нигоҳдошти ёдгориҳои таърихӣ ва ҳаёту рӯзгори Ҳоҷӣ Юсуф Мирфаёзов маърӯзаҳои пурмӯҳтаво ироа намуданд.

Ҳамчунин дар толори пазироии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд нусхаи Кураи арз, медал ва китобҳое, ки доир ба ҳаёт ва рӯзгори Ҳоҷӣ Юсуф Мирфаёзов алоқаманд аст, ба маърази тамошо гузошта шудааст.

Чорабинӣ мебоист дар Хона-осорхонаи Хоҷӣ Юсуф Мирфаёзов баргузор гардад. Вале аз лиҳози он ки, ин мавзеи таърихӣ дар ҳолати садамавӣ қарор дорад, конфронс дар Осорхонаи таърихии вилояти Суғд ҷараён гирифт. Вобаста ба ин ҳолат аз ҷониби иштирокдорони конфронс Муроҷиатнома оиди таъмир ва барқарорсозии Хона-осорхонаи Хоҷӣ Юсуф Мирфаёзов қабул гардид.

Чорабинӣ бо шукӯҳу шаҳомати хоса ҷараён гирифт.

Аслиниссо Ёдгори-мудири шӯъбаи

оммавӣ-фарҳангӣ ва робита бо ҷомеа

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОҶузъе аз сарнавишти миллат
Scroll to Top