Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Толори намоишии нав: “ЭҲЁ”

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Дар Осорхонаи таърихии вилояти Суғди МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” ба ҳукми анъана даромадааст, ки ҳар моҳ намоиши наве мавриди истифода қарор гирад. Намоиши навбатӣ “Эҳё” унвон гирифтаву бо маводҳои ҳунарманд Мамадҷонова Дилором ороиш ёфтааст.

Мамадҷонова Дилором Файзуллоевна 15-уми феврали соли 1956 дар ноҳияи Б.Ғафуров таваллуд ёфтааст. Соли 1975 омӯзишгоҳи ҷумҳуриявии рассомии ба номи Мирзораҳмат Олимови шаҳри Душанберо ҳамчун рассом бо муваффақият хатм намудааст. Ӯ дар олами санъати тасвирӣ ғояҳои нав, шаклу хусусиятҳои санъати амалии Тоҷикистони азизро тасвир намуда, яке аз пешбарандагони санъати миллии тоҷик шинохта шудааст. Дар эҷодиёти ӯ жанрҳои гуногуни санъати тасвирӣ истифода гардидааст, ки яке аз онҳо гобилен мебошад. Маҳсули дастони Мамадҷонова Дилором дар чандин намоишҳои шаҳриву вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ ба маърази тамошо гузошта шудааст.  Алҳол муаллима Мамадҷонова дар мактаби санъати шаҳри Бӯстон ба тарбияи шогирдон машғул ҳастанд.

Намоиши навбатии ҳунарманд Мамадҷонова Дилором дар рӯзҳои ҷашнгирии Рӯзи ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ, меъморӣ ва фарҳангӣ рост омад. Аз ин лиҳоз, унвони “Эҳё”-ро гирифтаасту мақсад аз чунин ном гирифтан ин эҳёи табиат, Модар-Замин, мероси ниёгон ба ҳисоб меравад.

Дар намоиш наздик 60-адад маҳсули ҳунари Мамадҷонова Дилором ба маърази тамошо гузошта шудааст ва он тӯли як моҳ идома меёбад.

Аслиниссо Ёдгори-мудири шӯъбаи

оммавӣ-фарҳангӣ ва робита бо ҷомеа

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОТолори намоишии нав: “ЭҲЁ”
Scroll to Top