Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

МАҶМААИ ФАРҲАНГИЮ ТАЪРИХИИ «ҚАЛЪАИ ХУҶАНД»

User Rating:  / 0
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Хуҷанд дар тӯли таърихи дурудароз ҳамчун шаҳри назофат, покиза, обод, сокинонаш боҷамол, бомурувват, бомадоро, хушхулқ ва ниҳоят саховатманд шӯҳрат ёфтааст. Ал-Муқаддасӣ Хуҷандро «шигифтангез», Ҷайҳонӣ «маъвои уламову удабо», Ёқути Ҳамавӣ «дилбаранда», Зоҳуриддин Бобур «макони анори навъи олӣ», Ҳофизи Таниши Бухороӣ «зиннати Мовароуннаҳр» номидаанд.

Беш аз ҳама Хуҷанд бо неъматҳои сарзамини хеш: зари холис, нуқраи хом, оҳану ангиштсангу нафт, «санги гаронбаҳои фирӯза», матои тораш абрешиму пудаш ресмонӣ таҳти унвони «беқасаб», «адрас», «подшоҳӣ», «шоҳӣ», газвори соф пахтагини «карбос», меваҳои шаҳдбораш (зардолу, бодоми «қоғазӣ», анор, анҷир, шафтолу) дар чор сӯи дунё – Ҳиндустон, Эрон, мамолики Араб, Чин, Қафқоз, даштҳои Авруосиё, Русия овозадор буд. Хуҷандиён технологияи истеҳсоли матоҳои пахтагин, тораш абрешиму пудаш ресмонӣ, сохту пардохти навъи чинии маҳаллӣ бо номи «фахфури Хуҷанд»-ро дар бузургтарин марказҳои порчабофии Осиёи Марказӣ, Ҳинду Чин ҷорӣ намуданд. Мувофиқи мадракҳои таърихӣ-этнографӣ хуҷандиён дар татбиқи сабки форсии меъморӣ ва бинокорӣ дар ободонии Самарқанд, Хӯқанд, Намангон саҳм гузоштаанд. Аслан хуҷандиёни меъмор, муҳандис ва бинокор поягузорони як силсила шаҳракҳо ва деҳкадаҳо, инчунин дар мақоми саромадони касбу ҳунари асил дар талқину ҷорӣ намудани намунаҳои олии санъати амалӣ мисли кандакории рӯи чӯб, гаҷ, филиз (мису биринҷ) дар қаламрави Мовароуннаҳр маъруф буданд. Ин анъанаҳои нек имрӯзҳо низ идома ёфта истодааст ва намунаи олии он бунёди «Маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд» аст. Хуҷанди куҳану ҳамешаҷавон дар соҳили рӯди марворидгуни Сир ҷой гирифтааст. Дар ин мавзеи фараҳафзои шаҳр, дар бари рӯди Сир соли 1924 барои бунёди боғи шаҳрӣ асос гузошта шуда, расми кушоди он 1 майи соли 1939 баргузор гардидааст. Дар солҳои 60-80-уми қарни гузашта боғ ба як мавзеи зебою ҷойи сайру тамошо ва истироҳату фароғат табдил ёфта буд.

   Бо ҳидоят ва раҳнамоии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз моҳи майи соли 2014 боғи истироҳатӣ ва фарҳангии ба номи Камоли Хуҷанди азнавсозӣ карда шуда, «Маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд» таъсис дода шуд, ки дар ҳудуди он якчанд мавзеъҳои меъморӣ-таърихӣ, фарҳангӣ-фароғатӣ ба монанди Осорхонаи таърихӣ, муассисаи илмию тадқиқотӣ, Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ, инчунин Қалъаи Хуҷанд буда, барои рушди илму фарҳанг ва сайёҳӣ мусоидат менамояд.

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОМАҶМААИ ФАРҲАНГИЮ ТАЪРИХИИ «ҚАЛЪАИ ХУҶАНД»
Scroll to Top