Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Амали нек

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

       Тибқи нақшаи кории шӯъбаҳои таърих ва таърихи давраи муосири Муассисаи давлатии «Маҷмааи фарҳангию таърихии « Қалъаи Хуҷанд» аз ҷониби кормандони илмӣ барои пурра намудани маъхази Осорхона ашёҳои баландарзиши аҳаммияти таърихию фарҳангӣ дошта, аз сокинони шаҳру навоҳии вилояти Суғд ҷамъоварӣ карда мешаванд.

Ба ҳукми анъана даромадааст, ки аз ҷониби шаҳрвандони шаҳру навоҳии вилояти Суғд баҳри ғанӣ гардонидани маъхази Осорхона ашёҳои таърихӣ-фарҳангӣ ройгон пешниҳод карда мешаванд. Яке аз чунин шахси саховатманду меҳанпараст ва таъриху фарҳангдӯст сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҷамоати Исфисор, кӯчаи Маданият №48 Раҳмат-Бобо Хуррамбоеви 94-сола мебошанд, ки аз ҷониби он кас ба Осорхонаи таърихии вилояти Суғди МД «МФТ «Қалъаи Хуҷанд» Хумчаи гилин 1-адад, қумғонча 1-адад, чархи ароба 1-ҷуфт ба тариқи ройгон супорида шуданд. Ашёҳои дастрасгардида аҳаммияти таърихӣ-фарҳангӣ дошта, барои пурра гардонидани маъхази Осорхона заруранд.

Чархҳои аробаи дастрасгардида, аз фулузӣ буда, чархи аробаи боркаш мебошад. Аз ин чархҳо ароба сохта шуда, барои намоиш дар ҳудуди Қалъа гузошта мешавад.

Маъмурияти МД. М.Ф.Т. “Қалъаи Хуҷанд” ба ин рафтори хайрхоҳонаи Раҳмат-Бобо миннатдории хешро баён менамояд. Хуб мешуд, сафи чунин шахсони ватандӯсту саховатпеша зиёдтар мешуданд, зеро маҳз Осорхона муаррифгари таъриху фарҳанги ҳар як миллат мебошад.

С.Исломова-корманди илмии шӯъбаи

таърихи  давраи муосири

МД «МФТ «Қалъаи Хуҷанд»

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОАмали нек
Scroll to Top