Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Таърихи Бухоро

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

     Таърихи Бухоро ё Таърихи Наршахӣ яке аз асарҳои машҳури таърихи ба шумор меравад. Асари мазкур аз тарафи Абӯбакр Муҳаммад ибни Ҷаъфари Наршахӣ соли (943-944) таълиф шудааст. Асар бобу фаслҳо надошта, аз ибтидо то интиҳо бесарлавҳа навишта шудааст. Дар ин асар асосан дар бораи Бухоро ва заминҳое, ки ба ҳайати он дохил мешуданд, ҳаволии шаҳр, бозорҳои он давр манзилҳои ҳокимони Бухоро, баёни Ҷӯи Мӯлиён, андозу хироҷ, тангаю дирҳами Бухоро ҳукмронии Қутайба ибни Муслим фатҳи Бухоро тақсими Мовароуннаҳр ва ҷорӣ шудани дини ислом, дар бораи Сомониён ва сулолаи онҳо, оғози ҳукмронии Сомониён ва ғ. сухан ронда шудааст. Муаллиф ҳангоми навиштани асари аз баъзе асарҳои таърихи арабӣ, ки то замони мо омада нарасидааст, истифода кардааст.

Нусхаи дастхати арабии ин асар низ то замони мо омада нарасидааст ва дар бораи мавҷуд будани он маълумоте дар ягон сарчашмаҳо пайдо нашуд. Бори аввал асар соли 1128 ба забони форсӣ-тоҷикӣ мухтасаран тарҷума шудааст. Соли 1178-79 бори таҳрир ва баррасӣ шуда маълумоти мухтасаре дар бораи воқеоти солҳои 1178-79 дода шудааст. Таърихи Бухоро дар чанд забон дар шаҳрҳои гуногун аз ҷумла: соли 1892 аз тарафи Ч.Шефер дар Париж бо забони фаронсавӣ, соли 1897 Н.Ликошин дар Тошканд ба забони русӣ, соли 1966 дар Тошканд ба забони ӯзбекӣ, соли 1954 Р.Фрай дар Кембриҷ бо забони англисӣ ва соли 1980 дар Душанбе бо забони тоҷикӣ нашр гардид.

Дар фонди Осорхонаи таърихии вилояти Суғди МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” низ чопи сангии асари мазкур таҳти рақами №4321 маҳфуз аст, ки хонандагон метваонанд бе мамоният аз он истифода баранд. 

Даврон Исобоев – мудири шӯъбаи дастхатҳо ва

табъу нашри МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” 

 

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОТаърихи Бухоро
Scroll to Top