Тибқи нақшаи корӣ, кормандони илмӣ кӯшиш ба харҷ дода истодаанд, ки маводҳои шаҳру навоҳии вилояти Суғдро ҷамъоварӣ намоянд. Аз сокини ноҳияи Ашт ҳунарманд Абдуқулова Пошохон маводҳои кашидадӯзӣ ба монанди; зардевор, пештоқ, ҷойинамоз, куртаи занона, рӯймоли мардона, ки маҳсули дастони ин ҳунарманди варзида мебошад, ба осорхона харидорӣ карда шуд. Ҳангоми сӯҳбат бо соҳиби маводҳо маълум гардид, ки ӯ аз овони ҷавонӣ ба ҳунари кашидадӯзӣ майлу рағбати беандоза дошта, ин ҳунарро то имрӯз идома дода истодааст.
Яке аз маводҳои кашидадӯзие, ки ба мо дастрас гардид, зардевор мебошад. Зардевор як намуди ҷиҳози хона ба шумор рафта, гулдӯзӣ карда шудааст. Он ба сӯзанӣ шабоҳат дошта, камбар вале дарозтар мебошад. Зардевор асосан аз ҷузвҳои ҷиҳози арӯсӣ буда, аксаран дар хонаи арӯс дар қисмати болои девор барои ороиши хона зери шифт овехта мешавад. Он дар рӯйи матои махмали рангаш сиёҳ бо тарзи салиб бо риштаҳои рангҳои бунафш, сабз, сурх дӯхта шуда, дар гирдаш ҳошия дорад. Пештоқ ва рӯймоли мардона низ монанди зардевор гулдӯзӣ карда шудаанд. Ҷойинамоз ҳамчунин, дар рӯйи матои сандуфи сиёҳ бо нақши ислимӣ бо рангҳои сурх, бунафш, сабз, бунафш гирдогирд кашидадӯзӣ карда шуда, дар мобайнаш нақши меҳроб дорад. Куртаи занона аз матои ласи рангаш сурх дӯхта шуда, гиребон, остин ва домони он гулдӯзӣ карда шудааст.
Дар оянда мо метавонем дар толори экспозитсионӣ ҳунарҳои кашидадӯзиро ба намоиш гузорем.
Хоҷаева Муҳаррамхон - мудири
шӯъбаи таърихи давраи муосири осорхонаи таърихии
МД МФТ «Қалъаи Хуҷанд»