Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Санъати хишткорӣ дар Хона-музейи Камоли Хуҷандӣ

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Санъати хиштчинӣ яке аз намудҳои ҳунари наққошӣ ба шумор меравад. Наққошӣ, ҳунари офаридани нақш, маҳсули эҷодии санъаткорони халқӣ ва касбӣ, яке аз навъҳои қадими санъати ороишӣ амалӣ халқ мебошад. Ёдгориҳои меъморӣ ва бозёфтҳои бостоншиносони Осиёи Миёна шаҳодат медиҳанд, ки наққошӣ дар ин ҷо аз замонҳои қадим ривоҷ ёфтааст. Инкишофи ҳунарҳои меъморӣ, кулолӣ, мисгарӣ, заргарӣ, қолинбофӣ, гулдӯзӣ ва ғайра ба тараққиёти наққошӣ низ мусоидат кардаанд. Намудҳои нақшунигоре, ки дар натиҷаи ҳафриёт аз Ҳулбук, Самарқанд, Бухоро, Панҷакенти қадим ва Хуҷанд ёфт шудаанд. Аз маданияти ниёгонамон гувоҳӣ медиҳад. Дар қарнҳои миёна наққошӣ ва кандакории сутуну меҳроб, девору дарвоза, пештоқу равоқи мақбараю масҷид ва мадрасаҳо ривоҷу равнақ ёфт. Санъати хиштчинӣ низ ба дараҷаи баланд расид. Масалан, Мақбараи Исмоили Сомонӣ, Мақбараи Гӯри Мир, Мадрасаи Мири Араб. Меъморон хиштҳоро каҷу рост, бо қираҳояш гузошта, нақшҳои салиб, тӯр, чоркалид ва ғайраро ба вуҷуд меоварданд. Устоҳои забардаст аз хиштпораҳо ҳар хел нақшҳои гуногун тарошида ба қабати девор мегузоштанд, ки он сифати ороишро хеле беҳтар мегардонд. Дар аҳди Темуриён даҳҳо ҳунармандон (меъморон, тарроҳон, наққошон, кандакорон, саҳҳофон) аз шаҳрҳои гуногуни олам ва Осиёи миёна ба Самарқанду Бухоро оварда шуданд, ки дар равнақи ин соҳа ҳисса гузоштанд. Намунаҳои барҷастатарини санъати наққошӣ дар ёдгориҳои меъмории шаҳрҳои Самарқанду Бухоро, Балху Ҳирот ва Истаравшану Хуҷанд дида мешавад. Аз он ҷумла чунин намудҳои санъати хиштчинӣ дар деворҳои даромадгоҳи Хона-музейи Камоли Хуҷандӣ ба назар мерасад, ки он бештар диққати меҳмонони дуру наздикро ба худ ҷалб мекунад. Нақшҳои салиб, тӯр чоркалид ва дигар ороишҳо нақш бастанд.

Наққошони тоҷик анъанаҳои беҳтарини санъати ҳунармандони гузаштаро эҷодкорона идома дода, равияҳои мактабҳои санъати наққоширо боз ҳам такмил ва пурғановат намудаанд.

Падидаҳои беҳтарини осори санъати бадеӣ, алалхусус, санъати наққоши халқи тоҷикро ҳамчун мероси фарҳангӣ ҳифз ва эҳё ва тарғиб намоем. Зеро ин ҳунари волои бадеияти нотакрори санъати зебоипарастӣ буда, он фарҳанг ва ифтихори натанҳо тоҷикон балки ғановати тамоми инсоният аст.       

Тошматова Таҳмина

роҳбалади Хона-музейи

Камоли Хуҷандӣ

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОСанъати хишткорӣ дар Хона-музейи Камоли Хуҷандӣ
Scroll to Top