Ҳамасола ҷиҳати ғанигардонии маъхази осорхона тибқи нақшаи корӣ ва нақшаи пурракунии фонди осорхона ҷаласаҳои харидории назди фонди осорхона баргузор мегардад. Санаи 05.04.2022 ҷаласаи навбатии он баргузор гардид, ки тибқи он 13 адад ашёҳои аҳамияти баланди таърихӣ дошта аз қабили ашёҳои заргарӣ, мардумшиносӣ, кашидадӯзӣ ва китобҳои нодири дастхат ва чопи сангӣ мавриди харидорӣ қарор гирифт.
Яке аз беҳтарин ашёҳое, ки харидорӣ гардид ин маҳсули заргарӣ “тӯмор” мебошад. Санъати заргарӣ касбу кори хеле нафису нозук буда, дар офариниши маснуоти заргарӣ маҳорат ва истеъдоди хеле баландро зарур аст. Тӯмор худ як ҷузъи ороишотии занона ба ҳисоб рафта, он аз металҳои қиматбаҳо сохта мешуд. Тӯморе, ки мавриди харидорӣ қарор гирифт қӯлтуқтӯмор буда, шакли сохташ росткунҷа аст ва он аз металли нуқра сохта шуда, бо овезаҳо ва тангаҳо оро ёфтааст. Он ба охири асри XIX мансуб буда, оянда дар экспозитсияи толорҳои навбунёди осорхонаи “Қалъаи Хуҷанд” ба маърази тамошо гузошта хоҳад шуд.
М.Мамадҷонова – мудири шӯъбаи таърихи
МД “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд”