Дар МД “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” чорабинии вилоятии дӯстдорони табиат “Паррандаҳои нодир ва хушхон” баргузор гардид. Дар чорабинӣ ҳавасмандони паррандаҳои хушхон аз шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Исфара, Конибодом, Ашт, Зафаробод, Спитамен, Истаравшан ҷамъ омада, мусобиқа намуданд. Дар чорабинии мазкур дастаи шаҳри Хуҷанд мақоми аввалро соҳиб гардиданд. Чорабинӣ аз ҷониби омӯзгори тарбияи ҷисмонӣ Даврон Тошбоев ташкил ва баргузор карда шуд. Иштирокдорон аз баргузории чорабинӣ қаноатманд буданд.
Лозим ба ёдоварист, ки барпо намудани чунин чорабиниҳо дар мавсими аввали баҳор яке аз анъанаҳои миллии мардуми тоҷик ба ҳисоб меравад.