3 ҷаласаи Шӯрои илмии Осорхонаи таърихӣ баргузор гардида, нақшаи фаъолияти маҷмаа, аъзоёни Шӯрои илмӣ дар соли 2022, муҳокима ва тасдиқ карда шуданд.
Аз тарафи ходимони илмӣ нақшаи пуррагардонии фонди осорхона омода карда шуда, ба маъмурияти муассиса пешниҳод гардидааст. Экспонатҳои асосии соли 2021 қабул шуда, ба китоби воридотии асосӣ сабт гардид. Дар рафти баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ дар осорхона ва берун аз он аз фонди осорхона 52 адад экспонат ба намоиш гузошта шуданд.
Аз тарафи кормандони илмии Осорхонаи таърихии вилояти Суғди МД “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” мақола ва сайри илмии мавзӯӣ таҳти унвони “Қаҳрамони халқи тоҷик - Темурмалик”, “Кулолгар Соҳибов – муаррифгари санъати тоҷик” таҳия карда шуд.
Дар давраи ҳисоботӣ 2-маротиба вохӯрӣ, 5-маротиба намоиш дар муассиса ташкил карда шуд.
Дар ин давра теъдоди тамошобинони боздиднамуда аз Осорхонаҳои МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” 6800 нафарро ташкил дода, аз ин миқдор 449 нафар тамошобинон аз осорхонаҳо ба таври ройгон дидан намуданд. Ба 2060 нафар тамошобинон 133 адад сайри илмӣ гузаронида шуд. Теъдоди тамошобинони алоҳида 4740 нафарбуда, 239 нафар тамошобинон аз хориҷии кишвар мебошанд.
Дар давраи ҳисоботӣ аз МД “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” ёвари сафири Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Отабек Алимов, ҳунармандони Ҷумҳурии Ӯзбекистон, намояндаи вежаи Аврупо дар Осиёи Марказӣ Тери Ҳакала, намояндагони Воситаҳои ахбори омма ва ҷавонони “Модели Созмони ҳамкориҳои Шанхай” аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон, собиқ Котиби генералии ҳамкориҳои Шанхай (ШОС), собиқ сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин - Рашид Олимов ва дигарон ташриф оварданд.
Аз тарафи кормандони Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд» ба ТВ “Диёр”, 7-ситора, доир ба фаъолияти муассиса мусоҳиба доир гардид. Ҳамчунин аз ҷониби хабарнигорони ТВ Суғд, Сафина, СМ-1, Азия ва рӯзномаи “Баҳори Аҷам” гузоришҳо аз фаъолияти МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” омода ва пахш гардид.
Кормандони илмии осорхонаҳои маҷмаа тибқи нақшаи корӣ оиди ҷамъоварии ашёҳои таърихӣ - фарҳангӣ, пешбурди корҳои илмӣ -таҳқиқотӣ, пурракунии экспозитсияҳои намоишӣ, тақвият бахшидан ба ҷараёни корҳои лоиҳавии иншоотҳои сохташавандаи “Қаълаи Хуҷанд” корҳои назаррасро ба сомон расонида истодаанд.
Китобхонаи илмии маҷмаа фаъолияти пурсамар дошта, бо ҳамкории шӯъбаи оммавӣ - фарҳангӣ ва робита бо ҷомеа дар ташкил ва баргузории вохӯриҳо ва созмон додани гӯшаҳои намоишии ҷашнвораҳо саҳм гузошта, ба сомонаи маҷмаа хабарҳои тозаи фарҳангӣ-таърихиро ворид менамояд.
Дар ин давра дар мавзеъи Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ, ки яке аз ҷойҳои истироҳати тамошобинону сайёҳон ба шумор меравад, баҳри ободонӣ 200000 пиёзакҳои гули лола, 149 адад дарахтони сояафкану мевадиҳанда, аз қабили можавелник, кипарис, палвония, тоҷи хурӯс, бодом, зардолу, нок, себ, хурмо, биҳӣ ва ғайра шинонида шуда, поруҳои минералӣ ва шӯрхок андохта шуда, дарахтон ва токзорӣ чорбоғи Хона-музейи Камоли Хуҷандӣ ва дарахтони мавзеи боғ шаклдарорӣ карда шуд.
Кормандони МД “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” тибқи нақшаи корӣ фаъолияти пурсамар бурда барои таҷлили 30-солагии Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар сатҳи баланди фарҳангӣ баҳри хизматрасонӣ намудан ба меҳмонони ватанӣ ва хориҷӣ кӯшиш ба харҷ дода истодаанд.
Нодира Олимова
ҷонишини омири осорхона
оид ба корҳои илмӣ.