Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Сози мусиқӣ - карнай

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Фарҳанги ҳар халқ дорои махсусиятҳое мебошад, ки онҳо дар навбати аввал дар мусиқии мардум таҷассум меёбанд. Дар асоси эҷодиёти халқ ва раванди тараққиёти ҷамъият, мусиқии касбӣ ташаккул меёбад, равия, ҷараён, услубҳо пайдо мешаванд, ки ҳолати иҷтимоии ҳамон халқро инъикос мекунанд. Эҷодиёти халқ омили эҷодиёти якҷояи бадеии халқ аст, ки дар он тарзи ҳаёт, нигоҳ, ҳолати иҷтимоӣ ва руҳӣ, шаҳрсозӣ, санъати тасвирӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва худшиносии миллӣ таҷассум ёфтаанд.

Эҳсоси  ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ омилҳое буданд, ки арзишҳои миллӣ, мероси бой ва пурғановати фарҳангӣ  ва адабии худро халқи тоҷик то ба имрӯз нигоҳ медорад ва равнақу ривоҷ медиҳад.

Тавре ки  Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Ҷаноби олӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд:

“Тамоми таърихи инсоният, ба маънои васеи ин мафҳум аз эҷоду офариниши фарҳанг иборат аст. Фарҳанги ҳар миллат оинаест, ки симои воқеии ӯ дар он инъикос меёбад. Барои ҷомеаи мо низ дар оинаи фарҳангиамон симои худро шинохтан ва дар нақши миллию инсонпарваронаи таърихамонро барҷаста намудор кардан, бояд аз ҷумлаи муҳимтарин вазифаҳои замони истиқлолият бошад. Тоҷикистон аз ҷумлаи миллатҳои аслии фарҳангӣ буда, дар эҷоду офариниши рукнҳои тамаддун, арзишҳои фарҳангӣ ва инкишофи илму дониш таҷрибаи бойи таърихӣ андӯхтаанд”. Ҳунарҳои миллӣ як ҷузъи созҳои мусиқӣ   маҳсуб меёбад, ки ҳифзу муаррифии онҳо пеш аз ҳама ҳамчун арзиши миллӣ дар осорхонаҳо барои равшан намудани таърихи фарҳанги мусиқии халқи тоҷик аҳамияти бузург доранд. Маҳз рисолати бузурги осорхонаҳо буд, ки дар кори гирдоварӣ, ҳифз ва омӯзишу муаррифии арзишҳои миллӣ, аз ҷумла созҳои мусиқӣ нақши муҳимро бозидаанд ва беҳтарин ганҷинаҳои фарҳангии миллии моро аз боди фаноравӣ эмин нигоҳ доштаанд. Созҳои мусиқӣ дар фазои Осорхонаи таърихии вилояти Суғд ва Хона-музейи Камоли Хуҷандӣ  ҳифзу муаррифӣ карда мешаванд.

Карнай -яке аз сози мусиқии нафасиест, ки асосан аз фулузӣ, биринҷӣ ва баъзан аз мис сохта мешавад. Карнай аз қисмҳои зерин иборат аст: даҳана, торсак, нил, миёнаҷо, каба, қубба ва ҷияки ороишӣ. Дарозии карнай 190-210 см, қутри лӯлаи он 3,3см ва вазнаш тақрибан 1 кг мебошад. Дар даҳсолаи охир истифодаи карнай дар ҷашнҳои арӯсӣ ва хатнасур ва маъракаҳои дигари хурсандии тоҷикон маъмул шудааст. Дар яке аз толорҳои намоишии  Осорхонаи таърихии вилояти Суғд дар деворнигора акси Содирхон Ҳофиз, нота ва  асбоби мусиқӣ - карнай ба  маърази тамошобинон гузошта  шудааст.

Сайфиева Шарифа-роҳбалади Осорхонаи таърихии вилояти Суғд

 

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОСози мусиқӣ - карнай
Scroll to Top