Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

МАРОСИМИ ТУРБАТБАРДОРӢ АЗ МАҚБАРАИ КАМОЛИ ХУҶАНДӢ ДАР ТАБРЕЗ

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ шоми рӯзи сешанбе ба оромгоҳи Камоли Хуҷандӣ дар Табрез ташриф оварда, дар маросими турбатбардорӣ аз мақбараи ин шоири бузург иштирок намуд.

Ӯ зимни сӯҳбати гарму самимӣ бо масъулини эронӣ дар мақбара гуфт, Камолиддини Хуҷандӣ аз шоирони бузурги Тоҷикистон аст, ки бахше аз умре худро дар Табрез гузарондаву дар ҳамин шаҳр вафот кардааст ва иқдоми бунёди мақбараи Камол дар зодгоҳаш ҷиҳати арҷ ниҳодан ба ҷойгоҳи ин шоири бузург сурат мегирад.

Абдураҳмон Қодирӣ изҳор дошт, ки тарҳи интиқоли хоки мақбараи Камоли Хуҷандӣ ба Тоҷикистон бо ибтикори Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон сурат мегирад. Ӯ илова намуд, ки дар Хуҷанд, дар боғе, ки ҳафт гектар масоҳат дорад, мақбараи Камоли Хуҷандӣ бунёд мешавад.

Раиси вилоят инчунин аз таҷлили Наврӯзи байналмилалии соли 2015 дар Хуҷанд ёдовар шуда, бо хушнудӣ изҳор дошт, ки мақбараи бунёдшаванда дар соли 2015 бо ҳузури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор хоҳад гирифт.

Абдураҳмон Қодирӣ аз ҳамкориҳои масъулон ва мардуми Эрон ҷиҳати пиёдасозии ин ҳадаф изҳори ташаккур кард ва аз миллати Эрон даъват намуд, то дар таҷлили Наврӯзи соли 2015 дар Тоҷикистон ҳузур ёбанд.

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОМАРОСИМИ ТУРБАТБАРДОРӢ АЗ МАҚБАРАИ КАМОЛИ ХУҶАНДӢ ДАР ТАБРЕЗ
Scroll to Top