Ҷашни Наврӯз яке аз ойинҳои бостонии ниёгони тамаддунпарвар ва соҳибфарҳанги мо аст, ки аз фаро расидани соли нави хуршедӣ ва навбаҳори зебову хуҷастапай мужда медиҳад. Ин пайки шодмонӣ ва шодкомӣ рамзи офариниши ҷаҳон, осмону ситорагон, гулу гиёҳ ва муҳимтар аз ҳама мавҷудияти инсон буда, ба зиндагӣ оғози нав ва накҳати тоза мебахшад.
Истиқболи гарми Наврӯзи фархундапай ҳамчун ҷашни бузургу муқаддаси умумимиллӣ, ки рамзи ҳуввият ва ифтихори миллии мардуми шарифи диёрамон мебошад, меҳри Модар ва Ватани азизро дар дили ҳар як фарди ватандор бедор месозад.
Маъмурияти МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” ҳамаи шумоёнро бори дигар ба ифтихори Наврӯзи ҳумоюнқадам ва хуҷастапай табрик гуфта, бароятон хонаи обод, саодати рӯзгор ва файзу баракати ҳамешагӣ орзу менамояд.
Наврӯзатон муборак!!!