Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

НАВРӮЗИ ХУҶАСТАПАЙ

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

     

      Ҷашни Наврӯз як бахши бостонии фарҳанги мардумони ориёинажод, аз ҷумла тоҷикон мебошад. Наврӯз вожаи мураккаби форсӣ-тоҷикӣ буда, аз калимаҳои “нав” ва “рӯз” таркиб ёфта, мафҳуми “рӯзи навро” ифода мекунад. Ҷашни Наврӯзро мардумони ориёинажод дар масири таърихи зиёда аз шашҳазорсолаи хеш таҷлил менамоянд. Ин ҷашн бузургтарин анъана ва иди солинавии мардуми ориёинажод буда, аз даврони куҳан то рӯзгори мо омада расидааст. Роҷеъ ба таъриху пайдоишу баргузории ин ҷашни куҳанбунёд  дар сарчашмаҳои таърихию адабӣ, аз он ҷумла “ Шоҳнома”- и  Абулқосими Фирдавсӣ, “Наврӯзнома”-и Умари Хайём, “Осор-ул-боқия”-и Абурайҳони Берунӣ ва чанде дигар маълумотҳо зикр гардидаанд, ки ҳама Ҷамшеди пешдодиро бунёдгузорӣ ҷашни Наврӯз хондаанд. Мувофиқи маълумоти Абӯрайҳони Берунӣ шоҳони сосонӣ Наврӯзро шаш рӯз ҷашн мегирифтанд. Онҳо рӯзи аввал наврӯзро бо қабулу пазироии мардум мегузарониданд. Рӯзи дуюм мансабдорон ва давлатмандонро қабул намуда, сӯҳбат меоростанд. Рӯзи сеюм  рӯҳониён, рӯзи чаҳорум аҳли дарбор, рӯзи панҷум фарзандону хешу таборонро пазироӣ мекарданд. Рӯзи шашум худи шоҳ наврӯзро ҷашн мегирифт.

     Наврӯз ҷашни бедории табиат, оғози корҳои кишоварзӣ ва пайванди ногусастании инсон бо Кайҳон ва Замин аст. Ин ҷашн паёмовари фасли баҳор, навшавии сол, омадани соли гармост.

       Дар рӯзи Наврӯз тамоми қишрҳои ҷомеа, хурду бузург, ҳунармандону сарояндагон  ин идро бо шодиву нишоти хосса ҷашн мегиранд. Аз нахустин рӯзҳои баҳор, баробари шукуфтани гулҳои наврӯзӣ – сиёҳгӯш, бойчечак, бунафша, мардум, бахусус кӯдакон ба баҳор таваҷҷӯҳ мекунанд. Кӯдакон аз кӯҳу теппаҳо гули бойчечак чида, аз омадани фасли баҳор ва расидани Наврӯзи дилафрӯз мужда медиҳанд. То имрӯз тибқи расму оинҳои наврӯзӣ тамоми мардум  макони худро тозаю озода мекунанд, дар маҳаллаҳо ва ҳавлиҳои худ ниҳолҳо мешинонанд.  

  Яке аз оинҳои ҷаззоби наврӯзӣ пухтани суманак мебошад. Суманакро дар арафаи Наврӯз мепазанд. Маросими суманакпазӣ хеле ботантана мегузарад. Занону духтарон дар атрофи суманак, рақсу бозӣ мекунанд, суруду таронаҳо хонда, базми бошукӯҳ меороянд.

Дар рӯзҳои Наврӯз ҳар гуна мусобиқаҳои варзишӣ, аз қабили гӯштингирӣ, бузкашӣ, хурӯсҷанг, бедонабозӣ намоиш дода мешуданд, ки мардум аз тамошои он лаззат мебурданд.

   Дигаре аз оинҳои наврӯзӣ  густурдани дастархони наврӯзӣ мебошад. Дар дастархон болои лаълӣ гузоштани ҳафт чиз аз замонҳои қадим маъмул будааст. Дастархони наврӯзиро дар қатори “ҳафт син” ва “ҳафт шин” оро медоданд.  Дар толори пазироии Осорхонаи таърихии вилояти Суғди МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” ба ифтихори ин ҷашни фархунда дастархони наврӯзӣ бо ҳафт син ва ҳафт шин ороста мегардад.

     Ҳоло дар Тоҷикистон иди байналмилалии Наврӯз дар баробари дигар идҳои ҷаҳонӣ яке аз бузургтарин идҳои миллӣ эътироф гардидааст ва мардуми тоҷик онро бо риояи расму оинҳои анъанавӣ ботантана ҷашн мегиранд.   

Хоҷаева Муҳаррамхон – мудири шӯъбаи

таърихи давраи муосири МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОНАВРӮЗИ ХУҶАСТАПАЙ
Scroll to Top