Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

НАҚҚОШӢ БО НӮГИ СӮЗАН (Ба муносибати 100 – солагии рассом, кашидадӯз Зулфия Баҳриддинова)

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Кашидадӯзӣ аз ҳунарҳои нафис ва такмилёфтаи санъати қадимӣ буда, мардуми ҳар минтақа сабки хосаи худро дорад. Як ҷузъи бисоти арӯсонро сӯзанӣ, рӯйҷо, ҷойнамоз ташкил медиҳад ва орзуҳои некӣ волидайн дар нақшҳои сӯзанӣ таҷассум мегардад.  

Толори “Тамаддуни ориёӣ”-и Осорхонаи таърихиии вилояти Суғд бо нусхаи кашидадӯзишудаи худои некӣ - Аҳурамаздо, ки рамзи тамаддуни ориёиро нишон медиҳад, оғоз меёбад. Ин нусха аз ҷониби кашидадӯз Зулфия Баҳриддинова дӯхта шудааст. Вақте, ки сайёҳони хориҷӣ ба осорхона ташриф меоранд, таваҷҷуҳи онҳо нисбати ин нусха зиёд мешавад. Тавассути он роҳбаладони мо оид ба таърих ва тамаддуни халқи точик, ки таърихи зиёда аз панҷҳазорсола дорад ба меҳмонон муаррифӣ мекунанд.

Ҳунарманди машҳури санъати кашидадӯзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рассоми халқӣ  Зулфия Баҳриддинова (1922-2013) ба ҳисоб меравад. Ӯ  7 марти соли 1922 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи ҳунарманд тавлид ёфтааст. Зулфия Баҳриддинова хеле барвақт ҳунари гулдӯзиро аз худ кардааст. Аз гуфтаи шогирдони он кас сӯзанидӯзиро аз синни 5 солагӣ омӯхтааст. Падари ӯ рассом Баҳриддин Нуриддинов мебошад. Нозукиҳои санъати тасвириро асосан аз он кас омӯхтааст. Бо  дастони моҳири худ сӯзаниҳои миллиро, ки аз нақшу нигори мухталифи миллӣ бой будаанд ва аз ҷониби коршиносон, мухлисон ҳамчун шоҳкории беназир шинохта шуда буд,  дар олам машҳур гаштанд. Санъати волои сӯзанидӯзиро ин дӯзандаи моҳири тоҷик бо тамоми ҳиссиёт, орзу ва ақидаҳои худу ҷомеаро дар бораи табиат дар нақшу нигори сӯзаниҳо ифода мекард. Бо вуҷуди ҳамаи ин ӯ қодир буд, ки дар тасвирот ва ороишоти бойи ҳайратангези худ дар бораи ҳаёти инсон нақшҳои хеле аҷоиб ва гуногун офарад. Зулфия Баҳриддинова бо унвонҳои Ходими шоистаи санъати  РСС  Тоҷикистон (1957), Рассоми халқӣ РСС Тоҷикистон (1974)  ва бо ҷоизаи ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ, ордени “Дӯстии халқҳо”, бо чанд медалу ифтихорномаҳо сарфароз гаштааст. Ин зани ҳунарманд 18-уми ноябри соли 2013 аз олам чашм пӯшидааст.

Дар толори намоишии осорхона ва фонди он сӯзаниҳои зиёд маҳфуз аст. Аз  ҷумла ҳунари дастии кашидадӯзи моҳир Зулфия Баҳриддинова сӯзании “Дилафрӯз”, ки ба бисоти арӯсии  наберааш   Дилафрӯз дӯхта шудааст,   симои В.И. Ленин дар рӯи матоъи духоба ва нишони РСС Тоҷикистон, ки мавқеи хосро дорад  дар фонди осорхона  нигоҳдорӣ  мешавад.  Яке аз сӯзании машҳури он кас, бо номи “Баҳор” ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон аз тарафи Осорхонаи таърихии вилояти Суғд  дастрас гардидаву ба намоиш гузошта шудааст.

Зулфия Баҳриддинова 91 сол умр дида, аз худ осоре боқӣ гузоштаанд, ки шояд садсолаҳо ҳифз шаваду дар хотираи таърих бимонад.   

Тиляева Шахноза

корманди илмии

фонди осорхона

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОНАҚҚОШӢ БО НӮГИ СӮЗАН (Ба муносибати 100 – солагии рассом, кашидадӯз Зулфия Баҳриддинова)
Scroll to Top