Дар арафаи ҷашни давлатии 30–солагии Истиқлолияти кишвари азизамон як қатор корҳои аз ҳар ҷиҳат муҳимму самаровар дар кишвар, аз ҷумла дар вилояти мо ташкилу гузаронида шуд. МД МФТ «Қалъаи Хуҷанд» китоби «Муаррифии китобҳои чопи сангии фонди Осорхонаи таърихии вилояти Суғд»-ро ба истиқболи ҳамин рўзи фархунда нашр намуд. Мураттиби асари мазкур Илҳом Туробов – мудири шуъбаи Дастхатҳо ва таъбу нашри МД МФТ «Қалъаи Хуҷанд» мебошад. Мушовирони илмии он И.Иброҳимов ва М.Бойматов ва муҳаррирони он номзади илмҳои филологӣ, дотсент И.Раҳимов ва директори МД «Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ» номзади илмҳои филологӣ Б.Раҳматов ҳастанд.
Китоб муҳимтарин осори чопи сангиро, ки дар фонди Осорхонаи таърихии вилояти Суғд нигаҳдорӣ мешавад, муаррифӣ менамояд. Дар ин махзан зиёда аз 278 китобҳои чопи сангии дар солҳои гуногун нашр шуда, маҳфузанд. Китоби ҳозир аз сарчашмаҳое, ки ба олимони соҳаҳои таърих, фалсафа, адабиёт ва забон зарур мебошад.
Асари мазкур аз қисмҳои зерин иборат аст:
Умед аст, ки китоби ҳозир барои таҳқиқу нашр ва баррасии мероси гузаштагонамон, самаронок истифода мегардад.
Ба кулли ҳаводорону мухлисони сарчашмаҳои адабиву маърифатӣ нашри асари мазкурро муборакбод менамоем!