Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Боздиди рӯзноманигорони ӯзбекистонӣ

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5


 

“Таърих ва фарҳанги муштарак, арзишҳои маънавӣ, анъанаҳои бисёрасра ҳамеша барои густариши ҳамкорӣ ва рушду нумӯи давлатҳоямон хидмат хоҳад кард. Ду халқи ба ҳам бародар аз аҳди қадим паҳлӯ ба паҳлӯ дар як муҳит зиндагӣ мекарданд. Аз ин лиҳоз дӯстӣ ва ризояти ҳамдигарӣ барои рушди ҳамкории мутақобилан судманд ҳамҷун асос хидмат хоҳанд кард”.

Эмомалӣ Раҳмон

 

Ҳар сол санаи 11-уми март дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи матбуот ҷашн гирифта мешавад. Бахшида ба ин рӯз гурӯҳи меҳмонон - рӯзноманигорони вилояти Сирдарёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо ҳамроҳии  Абдувализода Фарҳод - сармуҳаррири рӯзномаи “Суғд Ҳақиқатӣ” ба осорхонаҳои Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” ташриф оварданд. Меҳмононро омири кулли маҷмаа Иброҳимов Иброҳим пазируфт. Дар ҷараёни боздид аз ҷониби мудири шӯъбаи оммавӣ-фарҳангӣ ва робита бо ҷомеа Ёдгорӣ А. ва роҳбалади Хона–музейи Камоли Хуҷандӣ Тошматова Т. сайри илмӣ гузаронида шуд.

Меҳмонон аз толорҳои намоишии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд ва Хона-музейи Камоли Хуҷандӣ аз наздик шинос шуданд. меҳмонон баъди боздид аз маконҳои таърихию фарҳангии мазкур бо табъу рӯҳи болида сафари худро дар вилояти Суғд идома доданд.

 

Тошматова Тахмина

роҳбалади Хона-

музейи Камоли Хуҷандӣ

 

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОБоздиди рӯзноманигорони ӯзбекистонӣ
Scroll to Top