Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

ЯК ПОРАИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ - МАТБУОТ

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Ҳамасола дар таърихи 11-уми март ба шарафи нашри нахустин рӯзномаи тоҷикӣ Рӯзи матбуот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда мешавад. 

Дар таърих аввалин матбуот, таърихи таъсисёбии газета ё худ рўзнома ба қарни II то мелод рост меояд. Аввалин газетаҳо дар Рими қадим ба табъ расидаанд. Ҳарчанд онҳо дар намуд ба маводи нашрии муосир монанд набуданд, вале рисолаташон паҳн намудани иттилоот, яъне хабар буд. Газетаҳо дар ибтидо хусусияти ғайрирасмӣ доштанд, баъдтар бо амри ҳокими давр Юлий Сезар воқеа ва навигариҳои сатҳи давлатӣ, аз ҷумла маърўзаҳои расмӣ, ҳисоботи давлатдорон низ дар онҳо ҷой дода мешуданд. Аввалин рўзнома (ба маънии ҳақиқии имрўза) бо номи “Навини пойтахт” 1200 сол қабл дар Чин пайдо шудааст. Хабарҳои онро дар тахта бо иероглифҳо менигоштанд. Ҳоло машҳуртарин рўзномаи ҷаҳон “Guardian»-и Британия аст, ки 200 сол боз нашр мешавад.

Вожаи “газета” аз номи тангаи итолиёвӣ “госети” пайдо шуда ва маҳз дар Венетсия нахустин марказҳо оид ба ҷамъоварии ахбор, агентиҳои иттилоотӣ ва пешаи журналистӣ – рўзноманигорӣ пайдо шудааст.

Пас аз ихтирои дастгоҳи чопӣ дар таърихи матбуот такони ҷиддие ба амал омад, ки маводи табъу нашр бартарият пайдо кунаду теъдоди газетаҳо зиёд гарданд. Дар Россия аввалин газетаи дастӣ бо номи “Варақаҳои иттилоотӣ” ба табъ расидаанд. Нахустин газета дар давраи Пётри I, соли 1702 чоп шуд ва он “Ведомости” унвон дошт.

Пайдоиши матбуоти тоҷик дар Осиёи Миёна аз соли 1912 оғоз меёбад, ки нахустшумораи рӯзномаи “Бухорои шариф”, аввалин нашрия бо забони тоҷикӣ рӯзи 11 марти соли 1912 дар чопхонаи Когон, маҳалле дар наздикии шаҳри Бухоро, нашр гардидааст. Ин рӯзнома аввал ҳафтае 5 шумора, баъдтар ҳафтае 2-3 шумора то ибтидои соли 1913 чоп шудааст.

Матбуоти тоҷик дар давраи ҳукумати шӯравӣ ҳаматарафа инкишоф ёфт. Соли 1925 рӯзномаи ”Иди тоҷик” имрӯза “Ҷумҳурият” нашр карда шуд ва сонитар дигар рӯзномаю маҷаллаҳо таъсис ёфтанд. Устод Садриддин Айнӣ рўзномаи “Ҷумҳурият”- ро “Модари матбуоти тоҷик” номидааст.

Мо бо воситаи саҳифаҳои матбуоти даврӣ бояд фарҳангӣ ва тамаддунсоз будани миллати худро ба ҷаҳониён бештар муаррифӣ намоем. Вазифаи асосии матбуоти тоҷик бояд сипари боэътимоди ҳифзи манфиатҳои миллӣ, арзишҳои таърихиву фарҳангӣ, дастовардҳои истиқлолияти давлатии халқи тоҷик бошад.

Таҳияи Аслиниссо Ёдгори – мудири шӯъбаи

оммавӣ-фарҳангӣ ва робита бо ҷомеаи

МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОЯК ПОРАИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ - МАТБУОТ
Scroll to Top