Ахлоқи мӯҳсинӣ яке аз асарҳои беҳтарини панду ахлоқии Ҳусайн Воизи Кошифӣ мебошад. Ахлоқи мӯҳсинӣ солҳои 1500-1501 ба унвони Абдулмӯҳсин Мирзо (писари Ҳасани Бойқаро) таълиф ёфтааст. Он аз муқаддима ва чил боб таркиб ёфтааст ва ҳар боб ба мавзӯъҳои алоҳида бахшида шудааст. Бобҳои асар аз ибодат, ихлос, шукр, сабр, ризо, таваккал, ҳаё, иффат, адаб, ҳиммат, азм, ҷидду ҷаҳд, субот, адл, авф, ҳилм, некӣ ва нармӣ, шафқат ва марҳамат, ҳайрат, саховат, эҳсон, тавозуъ, эҳтиром, амонат ва диёнат, вафо ба аҳл, сидқ, ҳоҷатбарорӣ, тааннӣ ва тааммул, мушоварат, дурандешӣ, шуҷоат, ғайрат, сиёсат, фаросат, ғанимат, талаби некномӣ, риояти ҳуқуқ ва ғ. иборат мебошад.Кошифӣ дар оғози ҳар як боб мавзӯъро аз нигоҳи назариявӣ матраҳ менамояд ва пас он барои тасдиқи фикраш ҳикояти пандомезе меорад.
Дар мобайн ва анҷоми ҳикоёт порчаҳои шеърӣ аз эҷодиёти худаш ё аз эҷодиёти адибони пешин мисли Шаҳиди Балхӣ, Абӯшакури Балхӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Ҳоқонии Шарвонӣ, Низомии Ганҷавӣ, Саъдии Шерозӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Ибни Ямин, Абдурраҳмони Ҷомӣ ва дигарон намунаҳо меорад, ки дар бисёр маврид ин порчаҳо фикри нависандаро ҷамъбаст менамояд. Забони асар сода ва барои кулли хонандагон дастрас мебошад. Дар фонди Осорхонаи таърихии МД МФТ «Қалъаи Хуҷанд» нусхаи дастхати «Ахлоқи мӯҳсинӣ» тахти рақами 4563 ба қайд гирифта шудааст, ки хонандагон метавонанд бевосита онро истифода баранд.
Исобоев Д. - мудири шӯъбаи дастхатҳо
ва табъу нашри МД МФТ «Қалъаи Хуҷанд»