Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

ОҒОЗИ МАВСИМИ НАВ

User Rating:  / 0
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Дар баробари омадани фасли баҳор одатан мардуми тоҷик ба кишту кор оғоз менамоянд. Ба шинонидани гул ва дарахтони сояафкану ороишӣ камари ҳиммат мебанданд. Зеро дарахтон дар тоза нигоҳ доштани ҳавои муҳити зисти мо аҳаммияти калон доранд. Ин анъанаи ниёгонро кормандони МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” пос медоранд ва дар мавсими аввали баҳор ба корҳои ободонию кабудизоркунӣ вусъати тоза мебахшанд. Дар омад-омади баҳори имсола низ дар ҳудуди Боғи фарҳангию фароғатии Камоли Хуҷандӣ зиёда аз 130-адад дарахтони сояафкану мевадиҳанда шинонида шуд. Дарахтони навшинонидаи сояафкану ороишии ҳудуди боғ аз сарв (кипарис), можевелник, тоҷихурӯс, павлония иборатанд.   Ҳамчунин, дар мавзеи чорбоғи Хона-музейи Камоли Хуҷандӣ низ дарахтони мевадиҳанда, аз қабили бодом, зардолу, нок, себ, хурмо ва биҳӣ шинонида шуд. Боғбонҳои муассиса бо роҳбарии Шодибеков А.Қ. ба нигоҳубини гулу дарахтони сояафкану ороишӣ ва мевадиҳанда аҳаммияти ҷиддӣ медиҳанд. Аз ин лиҳоз, Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз боғҳои беҳтарин эътироф гардидааст.

Аслиниссо Ёдгори – корманди

МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”

 

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲООҒОЗИ МАВСИМИ НАВ
Scroll to Top