Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Рузи Модар

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Модарону хоҳарони азиз!

Модари тоҷик бонуест ҳамидаву меҳрубон, нексиришту ботамкин ва қавииродаю шуҷоатманд, ки рисолати модариву қарзи шаҳрвандиашро бо ҳисси масъулиятшиносӣ адо намуда, сазовори эҳтироми аҳли ҷомеа гардидааст.

Беҳуда нест, ки бузургони олам дар назди қадру манзалати зан-модар сари таъзим фуруд оварда, эътироф кардаанд, ки ӯ воқеан бо як даст гаҳвора ва бо дасти дигар сайёраро меҷунбонад. Дар ҳақиқат мақому мартабаи зан дар ҷомеае, ки худро пешрафтаву мутамаддин мешуморад басо арзанда ва баланд аст.  

Фарҳанги волои миллати соҳибмаърифат ва тамаддунсози мо аз аллаи ширини тоҷикии занону модарони меҳрубон ва поксиришти мо ибтидо мегирад. Пас меарзад, ки чунин занону модарони фозилро тоҷи сар намоем ва дар назди қадру манзалати олии онҳо мардона сари эҳтиром ва таъзим фуруд орем.

Маъмурияти Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” бо як ҷаҳон меҳру садоқат ва орзуҳои нек фарорасии Иди модаронро ба ҳар яки Шумо муборакбод менамояд.

Ид муборак, бонувони арҷманд!!!

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОРузи Модар
Scroll to Top