Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

“Наврӯзи Хуҷанд”

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Тибқи нақшаи кории Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” ва Кумитаи кор бо занони шаҳри Хуҷанд дар Хона-музейи Камоли Хуҷандӣ чорабинии идона таҳти унвони “Наврӯзи Хуҷанд” баргузор гардид.

Дар чорабинӣ занҳои фаъоли шаҳр, муҳассилини муассисаҳои таълимии шаҳри Хуҷанд, омӯзгорон, иштирокчиёни озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ” ва “Тоҷикистон – Ватани азизи ман”, занҳои ҳунарманд, Васоити ахбори оммаи шаҳру вилоят ва ҷумҳурӣ иштирок намуданд.

Занҳои фаъол дар Хона-музей анъанаҳои миллиро ба ҷавондухтарон омӯзонида, тарзи буридани угро, пухтани хӯрокҳои миллӣ, суманакпазӣ кӯрпалагандакуниро омӯзониданд.

Аз рӯи таомули тоҷикон дар оғози фасли баҳор духтарон ба абрӯвонашон сурмаю ӯсмакашӣ ва мӯйҳояшонро майдабофӣ мекунанд. Ин суннати аҷдодӣ нишон медиҳад, ки духтарон ин суннатҳоро ба ҷо оварданд. Писарбачаҳо бозиҳои миллиро ба монанди ошуқбозӣ, бодбараку лалак парониро  иҷро намуданд.

Ҳадаф аз баргузории чорабинӣ дар қалби наврасону ҷавонон пеш аз ҳама бедор намудани ҳисси ватандӯстиву хештаншиносӣ ва нигоҳ доштани фарҳангу суннатҳои миллӣ, расму оинҳои тоҷикон ба ҳисоб меравад.

                                                                                     Тошматова Т.

Роҳбалади Хона-музейи

Камоли-Хуҷандӣ

 

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲО“Наврӯзи Хуҷанд”
Scroll to Top