Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

“Модар-нерӯи бузургу пешбаранда”

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

 

Бузургони олам дар назди қадру манзалати зан-модар сари таъзим фуруд оварда, эътироф кардаанд, ки ӯ воқеан бо як даст гаҳвора ва бо дасти дигар сайёраро меҷунбонад. Дар ҳақиқат мақому мартабаи зан дар ҷомеае, ки худро пешрафтаву мутамаддин мешуморад, басо арзанда ва баланд аст. Аз ин лиҳоз, дар толори пазироии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” ба ифтихори Рӯзи Модар вохӯри бо занҳои фаъоли вилоят таҳти унвони “Модар-нерӯи бузургу пешбаранда” баргузор гардид. Дар чорабинӣ Матлубаи Мирзоюнус – доктори илмҳои филологӣ, профессори Муассисаи таълимии давлатии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”, Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шарипова Гулчеҳра Шарифбоевна – номзади илмҳои филологӣ, дотсент, декани факултети санъати Муассисаи таълимии давлатии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” ва ҳамчунин намояндагони Раёсати кор бо занон ва оилаи МИҲД вилояти Суғд, Раёсати фарҳанг, устодону донишҷӯёни МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров”, намояндагони муассисаҳои Раёсати фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, иштирокдорони озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва “Тоҷикистон – Ватани азизи ман”, намояндагони Васоити ахбори омма, собиқадорон ва кормандони МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” иштирок доштанд.

Чорабинӣ бо сухани ифтитоҳии омири кулли Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд”  Иброҳимов И.С. оғоз гардида, қайд гардид, ки “Фарҳанги волои миллати соҳибмаърифат ва тамаддунсози мо аз аллаи ширину тоҷикии занону модарони меҳрубон ва поксиришти мо ибтидо мегирад. Пас меарзад, ки чунин занону модарони фозилро тоҷи сар намоем ва дар назди қадру манзалати олии онҳо мардона сари эҳтиром ва таъзим фуруд орем”.

Дар рафти чорабинӣ намояндаи Раёсати кор бо занон ва оилаи МИҲД вилояти Суғд Гадойбоева М. табрикоти Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзодаро ба самъи ҳозирин расониданд.

Чи тавре ки, Иброҳимов И.С. изҳор доштанд, “Мо бо бонувону модарони худ ҳамеша ифтихор мекунем. Зеро модари тоҷик дар тӯли садсолаҳои зиёд фарзандони фарзонаеро ба дунё овардаву ба камол расонидааст, ки онҳо бо ақлу заковат ва нури хиради хеш роҳи зиндагии аҳли башарро боз ҳам мунаввар сохтаанд.

Яке аз он нафароне, ки дар олами адаб доди суханро додаасту ҳунару истеъдодашро дар тазкираҳо зикр намудаанд, ин Маҳастии Хуҷандӣ ба ҳисоб меравад. Ин бонуи боназокат дар рубоисароӣ дар баробари Умари Хайём шӯҳратманд гардида буд, ки ин ақидаро адабиётшиносони имрӯза низ ба мисли профессор Матлубаи Мирзоюнус тасдиқ намудаанд”.

Чунин шоираҳои бозаковат дар байни бонувони мо хеле зиёданд. Муаллима Матлубаи Мирзоюнус, ки бештар ба таҳқиқи рӯзгор ва осори бонувони суханвар машғул ҳастанд, мо имрӯз ба чорабиниамон даъват намудем, то бо аҳли нишаст доир ба таҳқиқоти охирине, ки соли гузашта анҷом ёфта буду таҳти унвони “Рӯзгор ва осори Маҳастии Хуҷандӣ” ба нашр расидааст, суханронӣ намоянд. Бо зикри он ки “Сухан аз даҳони Луқмон хуш аст” доктори илмҳои филологӣ, профессори МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи акакдемик Б.Ғафуров” Матлубаи Мирзоюнус таҳти унвони “Ҷойгоҳи Маҳастӣ дар миёни бонувони суханвар” ба сухан баромада, доир ба рӯзгор ва осори Маҳастии Хуҷандӣ бо иштирокдорон мукотиба намуданд. Ҳамчунин аз ҷониби муаллиф китоби “Рӯзгор ва осори Маҳастии Хуҷандӣ”  ба Осорхонаи таърихии вилояти Суғд тақдим гардид.

Ҳамчунин Фароғат Усмонова –мутахассиси пешбари маркази илмӣ-методии Раёсати фарҳанги МИҲД вилояти Суғд таҳти мавзӯи “Модар – нахустустоди фарзанд”, Қодирова Ф. – раиси иттифоқи Касабаи коркунони фарҳанг, иттилоот, варзиш ва сайёҳии вилояти Суғд “Мақоми зан дар ҷомеа” – Шарипова Г. Ш. – номзади илмҳои филологӣ, дотсент, декани факултети санъати МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” “Бонувони номвари тоҷик дар таърих” (дар мисоли шоира Маҳастӣ) – Ёдгори А. – мудири шӯъбаи оммавӣ – фарҳангӣ ва робита бо ҷомеаи Осорхонаи таърихии вилояти Суғди МД “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” ба сухан баромада,табрикоти хешро изҳор намуданд.

Баҳри хушу хотирмон баргузор гардидани чорабинӣ Исломова А. – хонандаи синфи дуюми мактаби мусиқии ба номи Содирхон Ҳофиз, иштирокдорони даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” Фатҳуллозода Ш. ва Гулноза Ғаффорӣ – барандаи Шоҳҷоизаи озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” шеъру суруд қироат намуданд.

Баҳор бо қадами муборак ва файзу нусратҳои нек ба сарзамини мо қадам ниҳод. Дар баробари омад-омади баҳори нозанин пайки наве ба мо расид, ки он аз чоп баромадани китоби “Муаррифии китобҳои чопи сангии фонди Осорхонаи таърихии вилояти Суғд” аст. Барои ибрози назар Баҳроми Раҳматзод – сарвари МД Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ, номзади илмҳои филологӣ, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, шоири ширинкалом андешаҳояшонро доир ба ин асари навтаълиф баён намуданд.

Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” қариб бо ҳамаи ташкилоту муассисаҳои фарҳангӣ, таълимӣ ва илмии ҳудуди вилоят робитаи ногусастанӣ дорад, ки Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, ба номи академик Бобоҷон Ғафуров яке аз онҳост. Дар ҳамкории навбатӣ ифтитоҳи толори намоишии “Гули бойчечак”, ки бо мусаввараҳои корҳои дипломии хатмкунандагони факултети санъат оро ёфтааст, сурат гирифт.

Мақсад аз баргузории чорабинӣ ин бузургдошти модар, эҳёи суннатҳои таърихиву фарҳангӣ ва дар қалби ҷавонон бедор намудани эҳтироми ҷинси латиф ба ҳисоб меравад.

Олимова Н.-ҷонишини омир оид ба корҳои илмӣ

 

 

 

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲО“Модар-нерӯи бузургу пешбаранда”
Scroll to Top