Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Боздиди меҳмонон

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Намояндаи вежаи Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ хонум Тери Ҳакала бо ҳамроҳии муовини якуми Раиси вилоят Хол Ҳайдар, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Бахтиёр Боқизода ба МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” ташриф оварда, аз толорҳои намоишии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд дидан карданд. Хонум Тери Ҳакала ва ҳамроҳони ӯ бо таъриху фарҳанги куҳани тоҷикон аз наздик бархурдор шуда, ба ҳунари рассомону ороишгарон, ки тарзҳои нави санъатро бо табъи баланд дар толорҳо нишон доданд, таассуроти баланд гирифтанд. Хонум Тери Ҳакала дар китоби фикру мулоҳизот ақидаи худро оид ба Осорхонаи таърихӣ чунин иброз доштанд: “Ташаккури зиёд барои меҳмоннавозӣ ва хушомадед ба чунин осорхонаи беназир, ки таърихи куҳану беҳтарини халқи тоҷикро намоиш додааст. Мо барои шумо бурдбориҳо ва тамошобинони зиёдро хохонем. Иттиҳоди Аврупо умедвор аст, ки оянда дар соҳаи фарҳанг бо сатҳи баланд ҳамкорӣ намояд. Сарчашмаҳои таърихии худро донистан барои мо хеле муҳим аст”.

Вежаи намояндаи Иттиҳоди Аврупо,

Тери Ҳакала бо таманиятҳои нек.

 

Мирзоева И.П.

роҳбалади Осорхонаи

таърихии вилояти Суғд

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОБоздиди меҳмонон
Scroll to Top