Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Катибанигорӣ

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Дар фарҳанги мардуми эронитабор, аз ҷумла, тоҷикон навиштаҳо ё нақшҳо, тасвирҳо ба хатҳои мехӣ, авестоӣ, паҳлавӣ, суғдӣ,  арабӣ (ҷалӣ, насх, настаълиқ, туғро, кӯфӣ ва ғайра) – ро катибанигорӣ меноманд. Мақсад аз сабти катибаҳо боқӣ доштани ёде аз воқеаҳои таърихиву адабӣ, сабти санаи ба вуқӯъ пайвастани ҳодисаву воқеа, санаи сохта шудани биноҳо ва ғайра мебошад. Катибаҳо маводи фаровонеро оид ба сиёсат, воқеаҳои таърихӣ, муносибатҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, идеологиро дар бар гирифта, манбаи муҳими омӯзиши таърихи қадим, асрҳои миёна ва замони имрӯза мебошанд. Катибаҳо дар як соҳаи илми таърих – эпиграфика (катибашиносӣ) омӯхта мешаванд.

Катибаҳои санги мазор яке аз маъмултарин катибаҳост, ки дар санги болои қабр, санги мазор ё девори мақбара ҳаккокӣ карда мешавад.

Катиба дар адабиёт як навъ шеър, порчаҳои хурди манзуму мансурро мегӯянд, ки ба пайравӣ ва тақлид аз катибаи қадими аслӣ гуфта шуда, дар маҷмӯаҳои ашъор ва ё дигар асарҳои шоирону нависандагон ҷой дода шудаанд.

Катибаҳои қадимтарин катибаҳои Ҳахоманишиёнанд мутааллиқ ба шоҳони нахустини сулолаи Ҳахоманишиён Ариярамна, Аршом, Куруши Кабир ва дигарон, ки ба тавассути онҳо аз ному насабашон, шаҷараашон огоҳ мешавем. Катибаи ҳаҷман калони Ҳахоманишиён ҳамонҳоеанд, ки бо фармони Дорои 1 (ҳукмронӣ 522 – 485 то милод) нигошта шудаанд. Яке аз ин катибаҳо бо номи Катибаи Бесутун машҳур аст.  Ин катиба аз намунаҳои олии осори хаттӣ ва муҷассамасозӣ мебошад, ки назираш дар ҷаҳон вуҷуд надорад. Катибаи Бесутун дар кӯҳе, ки дар роҳи байни шаҳрҳои Кирмону Ҳамадони Эрон мавҷуд аст, дар баландии 105 м аз сатҳи замин ба хатти мехӣ, ба се забон – форсӣ, иломӣ, акадӣ – бобилӣ навишта шудааст. Баландии катиба 7-8 м, бараш 22 м мебошад.

Матни форсӣ аз 5 сутун ва 515 сатр иборат аст. Дар Катибаи Бесутун Доро дар бораи чигунагии ба ҳокимият расиданаш пас аз Камбуҷия, ки дар роҳи бозгашт аз Миср вафот кард, худро подшоҳ эълон кардани Гауматаи Муғ, пирӯзии Доро бар Гаумата ва соҳиби тахти шоҳӣ гардиданаш, фурӯ нишондани шӯришу балвоҳое, ки дар кишвар сар мезаданд, ба асирӣ гирифта шудани сардорони ин шӯришҳо аз ҷониби Доро ҳикоят мекунад.

Як порча аз Катибаи Бесутун дар толори намоишии “Тамаддуни ориёӣ” – и  Осорхонаи таърихии вилояти Суғд  ба маърази тамошо гузошта шудааст, ки дар  он чунин навишта шудааст: “Ман Дориюш, шоҳи бузург, шоҳи шоҳон...., писари Виштосп, ҳахоманишӣ, порсӣ, ориёӣ, писари ориёӣ (ҳастам)”

Катибаи Дориюш дар нақши Рустам, банди 2

Маълумоти қадимтарин дар бораи Суғд ба давраи Ҳахоманишиён, ба асри VI п.м. тааллуқ дорад. Дар катибаи шоҳаншоҳ Дорои 1, дар кӯҳи Бесутун, дар байни 23 кишвари тобеи ин шоҳ Суғд низ номбар шудааст.

Мақсад аз нишон додани порча аз катибаи Бесутун огаҳӣ пайдо кардани наврасону ҷавонон аз таърих ва меъроси пурғановати хаттотии ниёгони аҷдодии хеш мебошад.

 

 

 Корманди илмии шӯъбаи

 таърихи давраи муосир

 Исломова Сайфияхон

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОКатибанигорӣ
Scroll to Top