Ватан ҷоне, ки дар ҷони ҷони ману туст,
Ватан ноне, ки дар хони ману туст.
Ватан ойинаи оби зулол аст,
Ватан покии виҷдони ману туст.
Ватан як пораи нури илоҳист,
Шабафрӯзи шабистони ману туст.
Ватан ишқ аст, ишқи ёри ҷонист,
Ватан -ҷонона, ҷонони мани туст.
Ватан қиматтарин тӯҳфаи тақдир барои ҳар инсон аст, зеро кас танҳо дар Ватани азизи хеш ба ҳама орзуву омоли наҷиби худ мерасад. Ҳамаи мо бояд шукргузор бошем , ки чунин Ватани ободу зебо, осудаву рӯ ба рушд дорем ва тамоми шароитҳо баҳри расидан ба қуллаҳои мурод барои ҷавонон муҳайёст.
Насли ҷавони имрӯза, ки дар чунин як айёми созандагиву бунёдкорӣ, оромиву амният ва айёми гулгулшукуфии Ватан ба дунё омада, камол ёфта истодаанд, бояд ба қадри ин ҳадяи гаронбаҳои сарнавишт: мамлакати тинҷу осуда, сарвари мамлакати худ, ки пайваста дар пайи ғамхории насли ҷавон аст, бирасанд. Ватани маҳбуби худро дӯст доранд, ҳамеша аз пайи ободию осудагии кишвар камари ҳиммат бубанданд ва ба Ватани азизи худ вафодор бошанд.
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомали Раҳмон чун фарзанди содиқу вафодори миллат пайваста ҳам бо сухан ва бо амалҳои ҷавонмардонаи хеш собит месозанд, ки Ватанро чун гавҳари ноёб ҳифз намуда, барои рушду тараққиёт, баланд бардоштани нуфузу эътибори он тамоми қувваю иродаи худро равона намудан лозим аст.
Артиши миллии мо, ки дар шароити бисёр вазнини сиёсиву иқтисолдии кишвар таъсис дода шуд, дар натиҷаи таваҷҷӯҳи доимии ҳукумати кишвар тадриҷан устувору қавӣ гардида, бо кадрҳои соҳибихтисос ва соҳиби донишу малакаи баланди касбӣ, техникаву таҷҳизоти муосир таъмин мебошанд ва имрӯз мо метавонем дилпурона изҳор намоем, ки он ба нерӯи пурқудрати дорои ҷузъу томҳои замонавӣ табдил ёфтааст.
Вазифаи муқаддас ва рисолати мо, насли собиқадори кишвар дар назди давлат, Ватан ва ҷомеа ин аст, ки бо нерӯи ақлу заковат ва тадбирҳои самарабахш дар дили насли ҷавони имрӯза ҳамин эҳсоси гарми ватандӯстӣ, хештаншиносӣ, садоқат ба Ватан, муҳаббат ба сарзамини аҷдодии худ, ҷасорат, шуҷоату далерӣ ва дарки воқеии шарафи нангу номусро, ки дар дар симои Роҳбари давлатамон пайваста мушоҳида менамоем, бедор намоем. Зеро, ҷавонони мо дар чунин як замоне умр ба сар мебаранд, ки ҳар рӯз, ҳар лаҳза олами сиёсат, илму техника, тамаддун, фарҳангҳо дар тағйироту таҳаввулот аст. Ҳар лаҳза метавонанд тавассути расонаҳои иттилоотӣ ва дигар манбаъҳо гурӯҳҳои ғайр ва ифротгарро афкору андешаҳои ҷавононро тағйир дода, ба хотири манфиатҳо ва ғаразҳои хеш онҳоро гумроҳ ва ба доми худ кашанд. Маҳз дар чунин лаҳзаҳои ҳассос ҳамон ҳисси баланди ватандӯстӣ, шинохти миллӣ, ифтихор аз Ватану гузашти хеш лозим аст, то тавонад монеъи чунин бадбахтиҳо гардад.
Хизмат ба Ватан ин ҳимояи марзу буми аҷдодӣ, таъмири сулҳу субот ва амнияти ҷомеа барои зиндагии осудаи наслҳои оянда ба ҳисоб меравад. Бинобар ин хизмати ҷавонон дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар мактаби ҳаёт, дарси ҷавонмардиву шуҷоат аст.
Зикри дили ман ҳамеша номи Ватан аст,
Авроди забони ман каломи Ватан аст.
Ман восифи ишқи ватани маҳбубам,
Феҳристи китоби ман мароми ватан аст.
Сайфиева Шарифахон – роҳбалади
Осорхонаи таърихии вилояти Суғд