Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

ҲОМИЁНИ ВАТАН ДАР ОСОРХОНА

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Мардуми тоҷик дар симои афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ ҳомиву муҳофизони худро мебинанд ва бо такя ба ин нерӯи содиқ ба Ватану миллат раванди бунёдкориву созандагии сарзамини аҷдодиамонро вусъат бахшида истодаанд. Зеро баракати зиндагӣ ва осудагии рӯзгори мардум маҳз аз тинҷиву оромӣ ва сулҳу субот вобаста мебошад.

Маҳз дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ҷавонписарон сабақи шуҷоату мардонагӣ гирифта, муҳофизат кардани хоки поки Ватанро меомӯзанд. Вақте ки мо ватандӯстӣ мегӯем, пеш аз ҳама муҳофизати Ватан ва якпорчагии марзу буми кишварро дар назар дорем. Вазифаи ҳар як шаҳрванди ватандӯст афзун намудани дастовардҳои Истиқлолият ва таҳкими рукнҳои давлатдорӣ аст, ки яке аз ин рукнҳо Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон мебошад.

Аз ин хотир, дар Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” вохӯрӣ бо афсарону сарбозон ва аъзоёни маҳфили “Пайравони Пешвои миллат” таҳти унвони “Артиши миллӣ – кафолати осоиш ва амнияти мардум” баргузор гардид. Чорабиниро омири кулли муассиса Иброҳимов И.С. ифтитоҳ намуданд. Вохӯрӣ бо садо додани Суруди миллӣ оғоз гардид.

Чорабинӣ бо иштироки намояндагон аз Шӯрои собиқадорони ҷанговарони интернатсионалист, аъзоёни маҳфили “Пайравони Пешвои миллат”-и назди шӯъбаи Кор бо ҷавонони шаҳри Хуҷанд ва афсарону сарбозони қисми ҳарбии 3501 ВКД ҶТ бо роҳбарии майор Олимҷонзода Г. ва қисми ҳарбии 0235 Раёсати Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ дар вилояти Суғд, ки имрӯзҳо оромии дохилӣ ва сарҳади кишварро таъмин менамоянд, баргузор гардид. Дар ҷараёни он Усмонова Ф.-мутахассиси пешбари маркази илмӣ-методии Раёсати фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, Махкамов С.-устоди МДТ Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, майор Тошпӯлодов С.Т.-афсари калони шӯъбаи корҳои сиёсӣ-тарбиявии Раёсати Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ дар вилояти Суғд, Сайфиева Ш.-корманди МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” маърӯзаҳои пурмуҳтаво намуданд.

Ҳамчунин Каримов Ҳ.Э.-дорандаи ордени “Шараф”, Раиси Шӯрои собиқадорони ҷанговарони интернатсионалисти ноҳияи Б.Ғафуров  низ ба сухан баромада, бо ҷавонон доир ба муҳофизати Ватан, ҳифзи якпорчагии он ва расидан ба қадри сулҳу субот суҳбат намуданд.

Барои хушу хотирмон баргузор гардидани чорабинӣ аз ҷониби Дадобоев Шерафкан ва Худойназаров Худойназар, ки айни ҳол дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ хизмат менамоянду ҳамчунин дар Фестивал – озмуни ҷумҳуриявии “Суруди сарбоз-2021” ғолибият ба даст овардаанд,  сурудҳои дилнишин ба самъи ҳозирин расонида шуд.

Дар ҷамъбаст иштирокдорон аз толорҳои намоишии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд дидан карда, бо таъриху фарҳанг ва корнамоиҳои фарзонафарзандони миллати тоҷик дар самти муҳофизати Ватан ошноӣ пайдо намуданд. Баргузории чунин чорабиниҳо дар замири ҷавонон ҳисси ватандӯстӣ ва ифтихор аз таъриху миллати куҳанбунёди тоҷикро боз ҳам афзунтар мегардонад.

Аслиниссо Ёдгори-мудири шӯъбаи

оммавӣ-фарҳангӣ ва робита бо ҷомеа

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОҲОМИЁНИ ВАТАН ДАР ОСОРХОНА
Scroll to Top