Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Бозубанд

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Бозубанд, маснуоти заргарӣ, дастбанди халқашаклест, ки онро заргарон аз тилло, нуқра, мис ва дигар ашёи гаронбаҳо дар шакли давра месозанд ва онро занон (бештар) ва мардон ба гардан ё бозу меовезанд. Дар замонҳои пеш ҳар он чизе занона аз бозубанди мардона аз он фарқ мекунад, ҳалқашаклеро, ки хоҳ бе ороиш бошад, агар дар бозу баста шавад, бозубанд меноманд. Бозубанде, ки зебу зинати нафису латифи бештар дорад. Бозубанди мардон маъмулан сода буд, вале барои подшоҳон, паҳлавонон ва шахсони маъруфи ҷомеа бо сангҳои гаронбаҳо зинат дода мешуд.  Дар замонҳои пеш бозуданди махсусе аз филозоте қимматнок сохта мешуд, ки онро ба бозуи паҳлавонон мебастант.

Чун бозубанд дар миёни ақвоми ориёӣ сахт маъруф буд, ба-дин восита дар ҷаҳон шуҳрат ёфт, ҳатто дар замонҳои маъруфи аврупоӣ низ бо номи тоҷикии бозубанд ворид шудааст. Агарчи аврупоиён бандинаи ҳарбии аз оринҷ поинро бозубандро меноманд, вале асли онро аз бозубанди таърихии аҷдоди тоҷикон гирифта шудааст.

Шакли дигари маъмултари бозубанд қутичаи доирашакли дарозрӯст, ки бештар дар байни занон маъруф мебошад, вале онро ба бозу намебанданд, балки ба гардан меовезанд. Ин навъ бозубанд дар қолаби ҷабъа ё қуттичаи доирашакли дарозрӯ буда, ду тарафаш сарпӯш дорад. Дар сарпӯшҳо занҷира насб мекарданд. Ба поини бозубанд аз сими борики тилло ва ё нуқра панҷараҳои хурдакаки сегӯша ё овезаҳои зинатбахш меовехтанд. Аз сабаби муқаддас будани шумораи ҳафт, теъдоди ин панҷараҳо ё овезаҳо ҳафт адад буданд. Дар поини ин панҷараҳо гоҳе танга, сикка  ё зангӯлачаҳо кашол менамуданд. Рӯйи бозубандро ҳотамкорӣ карда, бо сангьои гаронбаьо ороиш медоданд. Дар болои бозубанди занона ду гӯшак мавҷуд аст, ки дар он занҷираи дароз баста мешавад ва он барои ба гардан ё зери бағал овезон кардан аст. Дар рӯйи бозубанд ҳунармандон бо маҳорати хоса нақшунигор мекарданд. Бозубанди пешина хело зебо буданд, дар рӯйи онҳо мисрае ё андарзе сабт мегардид. Дар сарпӯши бозубанд тибқи тақозои фармоишгар санаи таърихӣ ё ягон калимаи муҳиме ҳаккокоӣ карда мешуд, ки ин аз заргар маҳорати махсусро талаб менамуд. Ин навъ бозубандҳо асосан зебу зиннат ва ороиши занҳо аст. Бозубанд барои арӯсшаванда аз ҷониби падар, бародар ва ҳамсар туҳфаи арзишманде буд. Дар даруни бозубанд гоҳе тӯмор, дуо, навиштаи муҳим ва гоҳе пул мегузоштанд. Имрӯзҳо низ дар баъзе рустоҳо бозуданд мавҷуд аст.

Нигора Пӯлотова - ходими илмии шӯъбаи таърих

дар МД МФТ "Қалъаи Хуҷанд"

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОБозубанд
Scroll to Top