Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Таблак-сози мусиқӣ

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Созҳои мусиқӣ як чузъи ҳунарҳои миллӣ маъсуб ёфта, ҳифзу муаррифии онҳо пеш аз ҳама ҳамчун арзиши миллӣ дар осорхонаҳо барои равшан намудани таърихи фарҳанги мусиқии халқи тоҷик аҳамияти бузург дорад. Созҳои мусиқӣ дар фазои Осорхонаи таърихии вилояти Суғд бо маврид ҳифзу муаррифӣ мешаванд ва ба намоиш гузоштани созҳо дар ин осорхона барои равшан намудани фарҳанги мусиқии ин минтақа аҳамияти калон дорад.

Баъд аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон  барои ҳарчи бештар чамъоварӣ намудани арзишҳои миллӣ, ба хусус созҳои мусиқӣ дар осорхонаҳо фазои мусоиде таъмин гардид.

Ба мақсади амалӣ намудани ин иқдом декабри соли 2014 аз созтароши машҳури Хуҷандшаҳр, Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон  Абдусамадов Абдуғаффор 10 адад созҳои мусиқӣ аз қабили най, рубоб, дутор, думбра, тор, сетор, соз, танбӯр, доира ва таблакро ба фонди Осорхонаи таърихии вилояти Суғд харидорӣ карда шудааст.

Таблак – яке аз асбоби мусиқӣ ба ҳисоб рафта, қисми асосиаш аз пӯсти ҳайвонот сохта мешавад ва ба танаи сафолин бо сим пайваст мегардад.

Таблаке, ки дар Осорхона нигаҳдорӣ мешавад дорои чунин хусусиятҳо аст: дар танаи сафолини таблак нақшҳои рах-рахи сафед ва дар даруни рахҳои мазкур нақши мавҷнок тасвир ёфтааст. Танаи сафолини таблак кӯзамонанд буда, қутри даҳон 12,5см мебошад. Аз чарм барои овезон кардани дастак ба тарзи бофта ба тана пайваст карда шудааст.

Ҳоло ин сози мусиқӣ дар ансамбилҳо ва оркестри созҳои миллию мусиқии касбӣ ва эстрадӣ низ истифода мебаранд. Айни ҳол дар пойтахти ҷумҳурӣ шаҳри Душанбе амсилаи қасри фарҳанг мавриди муҳокима қарор дорад, ки қисми он намуди таблакро дорад. 

         

Шаҳнозахон Тиляева – корманди илмии

фонди Осорхонаи  таърихии вилояти

Суғд МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОТаблак-сози мусиқӣ
Scroll to Top