Ҳамасола мардуми куҳанбунёди тоҷик ҷашни аҷдодии хеш – Садаро бо шукӯҳу шаҳомати тоза таҷлил менамоянд. Сада яке аз ҷашнҳои қадимтарин ба шумор рафта,рӯзи даҳуми моҳи ёздаҳуми солшумории шамсӣ-Баҳман барпо мешуд. Азбаски аз даҳуми Баҳман то Наврӯз панҷоҳ шаборӯз буд, ин рӯзро Сада ном гузоштанд. Мутаффакири бузурги форсу тоҷик Абӯрайҳони Берунӣ дар асари безаволаш “Осор-ул-боқия” овардааст, ки иди Сада сад рӯз пеш аз иди Наврӯз ҷашн гирифта мешуд. Абулқосим Фирдавсӣ дар асараш “Шоҳнома” асосгузори ин ҷашнро Хушанг меҳисобад. Гӯё Хушанг ҳангоми саёҳат бо дарбориён ба море дучор омада, сангеро сӯи он ҳаво дод. Санг ба санги дигар бархӯрда, аз он оташаке ба вуҷуд омад, яъне, ки оташ кашф гардид. Минбаъд одамон ба ҳамин муносибат оташе афрӯхта, ин маросимро Сада номиданд.
Дар ривояти дигаре омадааст, ки ин ҷашн дар замони Каюмарсу Исфандиёр ва Фаридуну Ҷамшед ба вуҷуд омадааст. Чуноне, ки Унсурӣ фармудааст:
Сада ҷашни мулуку номдор аст,
Зи Фаридуну аз Ҷам ёдгор аст.
Аҷдодони мо дар ин рӯз ҷашне меоростанд ва тамоми шаб гулхан афрӯхта, дар гирди он рақсу бозӣ мекарданд. Ба муносибати ҷашни Сада шоҳону амирон ҷамъ омада, шоирон дар васфи Сада чакомаҳо месуруданд. Иди Сада то ҷорӣ шудани ислом васеъ ҷашн гирифта мешуд. Лекин, дар замони ҳукмронии Ғазнавиён тадриҷан аз байн рафт. Баъдан, аз соли 2018 инҷониб ҳамасола мо иди Садаро ҷашн мегирем. Ҷашни Сада иди қадимаи форсу тоҷик буда, он муаррифгари шоистаи халқи тоҷик ва таҷассумгари ҳаёти маънавии мардум мебошад.
Хоҷаева Муҳаррамхон - мудири шӯъбаи
таърихи давраи муосири осорхонаи
таърихии МДМФТ “Қалъаи Хуҷанд”