Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

АМСИЛАИ “ОШЁНИ ПАРРАНДА” ДАР НАМОИШГОҲ

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Маросими расмии ифтитоҳи намоиши навбатӣ дар Осорхонаи таърихии вилояти Суғди МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” таҳти унвони “Бо ҳам ба пеш, ба сӯйи оянда” ба рӯзҳои ифтитоҳи 24-умин Бозиҳои зимистонаи олимпӣ дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин рост омад. Дар намоиш дар радифи мусаввараҳои рассоми чинӣ Яо Фен Бен ва нигораҳои дигар, ҳамчунин амсилаи “Варзишгоҳи “Ошёни парранда” ва “Машъали Бозиҳои олимпӣ” ба маърази тамошо гузошта шудааст. Ин маводҳо аз ҷониби Котиби генералии Созмони ҳамкориҳои Шанхай дар солҳои 2016-2018 Рашид Олимов ба фонди Осорхонаи таърихии вилояти Суғд тӯҳфа гардидааст.

Лозим ба тазаккур аст, ки Бозиҳои олимпӣ - на танҳо бузургтарин чорабинии варзишӣ, балки як ҷашнвораи фарҳангии бузург барои миллионҳо мухлисон дар саросари ҷаҳон аст.

Дар маросими ифтитоҳи XXIV Бозиҳои олимпии зимистона-2022 дар варзишгоҳи "Ошёни паранда"-и Пекин роҳпаймоии ҳайатҳои кишварҳои иштирокдор ва намоиши ҳунарӣ баргузор гардид, ки дар он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Кумитаи миллии олимпии кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок намуданд.

Роҳбари Тоҷикистон бар ин назаранд, ки “Он яке аз ҷолибтарин рӯйдодҳои варзишӣ дар чанд соли охир хоҳад буд. Баргузории бозиҳои тобистона ва зимистонаи олимпӣ дар Пекин бозгӯи комёбиҳои назаррас, аз ҷумла дар соҳаи варзиш аст, ки мардуми Чин ба даст овардаанд”.

Пекин дар таърихи ҳаракати олимпӣ аввалин шаҳрест, ки ҳам бозиҳои тобистона ва ҳам зимистонаи олимпиро мизбонӣ кардаст.

Аслиниссо Ёдгорӣ-мудири шӯъбаи

оммавӣ-фарҳангӣ ва робита бо ҷомеа

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОАМСИЛАИ “ОШЁНИ ПАРРАНДА” ДАР НАМОИШГОҲ
Scroll to Top