«ЗАФАРНОМА», таълифи Ҳамдуллоҳ ё Ҳамд ибни Тоҷуддин Абўбакр ибни Ҳамд ибни Наср Муставфии Қазвинӣ (с.тав.номаъ. – с.ваф.: 750/1349), шоир ва муаррихи ҳамзамони Камоли Хуҷандӣ мебошад. Муставфӣ дар хонадони куҳани Муставфиёни Қазвин таваллуд шуда, насаби худро ба Ҳурра ибни Язиди Раёҳӣ мерасонад ва дар замони Элхониён (с.ҳукм.: 1256-1335) умр ба сар бурдааст. Вай дар оғози ҷавониаш ба умури девонӣ иштиғол дошт. Нахуст ба хидмати Хоҷа Рашидуддин Фазлуллоҳ – вазири Элхониён, сипас ба фарзандаш Ғиёсуддин Муҳаммад даромада, то с.1336 ба амри китобат иштиғол доштааст («Асарофаринон», саҳ.293; Вазирӣ, саҳ.101).
Аз Ҳамдуллоҳ Муставфӣ то имрўз барои мо осори гаронбаҳо, аз қабили «Таърихи гузида», «Нузҳат-ул-қулуб» ва манзумаи «Зафарнома» боқӣ мондааст.
«Зафарнома» савумин асари Муставфӣ буда, шоир онро ба тариқи назм ва дар баҳри мутақориб сурудааст (Нафисӣ, саҳ.144). Бархе муҳаққиқон бар назаранд, ки ангезаи ў дар сурудани «Зафарнома» дар ин баҳр, пеш аз ҳама алоқа ба фарҳанги миллӣ ва дилбастагии ў ба «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ буд ва ў нахуст ба ҷамъоварию муқобалаҳои нусхаҳои хаттии «Шоҳнома» пардохта, тўли шаш сол онро омўхтааст. Сипас «Зафарнома»-ро ба ин сабку салиқа иншо кардааст (Ноҷӣ, саҳ.519). Чунончи таъсирпазирии асари Муставфиро натанҳо аз манзари вазн, балки аз назари мавзўъ низ аз «Шоҳнома» ба хубӣ мушоҳида мекунем ва он нукта, ки муаллифи «Зафарнома» бар хилофи сабки роиҷи ироқӣ, бештар ба сабки хуросонӣ гароиш доштаву ба қавли муҳаққиқ Муҳаммадризо Ноҷӣ ва қолаби маснавии мутақорибро барои баёни мазомини таъриху ҳамосӣ ба кор гирифтааст (Ноҷӣ, саҳ.519), даъвои моро тақвият медиҳад. Муставфӣ асари мазкурро дар тўли понздаҳ сол ба итмом расонида ва байти зайл дол бар ин иддаост:
Кашидам дар ин понздаҳ сол ранҷ,
Бигуфтам сухан понздаҳ бор панҷ.
Аз маълумоти сарчашмаҳо ва кутуби таърихӣ маълум мегардад, ки «Зафарнома» шомили 75000 байт мебошад (Нафисӣ, саҳ.144; Сафо, саҳ.1279) ва сухани худи шоир ҳам бар ин минвол аст:
Дар ин нома аз ҳафтсад(у) чанд сол,
Бигуфтам ҳикоят зи ҳар гуна ҳол.
Сухан шуд ба ҳар сад даҳ андар ҳазор,
Ба ҳафтоду панҷ омад онро шумор.
Муставфӣ асарро бар се қисм тақсимбандӣ намудааст. Қисми ав.-ро «Исломӣ» номгузорӣ карда, ки он 25000 байтро фаро гирифтааст. Дар қисми ав. таърихи зиндагонии Паёмбар (с), аз таваллуд то вафот ва хилофат, аз замони нахустини ҷонишинони Паёмбар (с), то барафтодани бани Аббосро дарбар мегирад.
Қисми «Аҳкомӣ» ё «Аҷамӣ», яъне қисми дуюм, шомили 20000 байт буда, таърихи силсилаи подшоҳӣ ва амирони Аҷамро фарогир аст, ки дар баробари нуфузи дини ислом дар Эрон ҳукумат кардаанд. Қисми савуми китоб – «Султонӣ», ки шомили 30000 байт аст, дар бораи таърихи давраи ҳукумати муғул ва Элхониён дар Эрон, то авохири аҳди Абўсаиди Баҳодурхон (с.ҳукм.1316-1336) буда, бо рўйдодҳои замони Чўпониён, то с.1334 ва васли Султон Абўсаид бо Бағдодхотун поён меёбад (Ноҷӣ, саҳ.518).
Бино ба қавли мусаҳҳеҳи «Зафарнома» аз ин асар нусахи хаттӣ камтар боқӣ монда, то имрўз як нусхаи он машҳур аст, ки он «нусхаест мутааллиқ ба китобхонаи Музейи Ландан, № Or.2833» (Муқ. мусаҳҳеҳ, саҳ.34) нигаҳдорӣ мешавад. Аҳмади Мунзавӣ низ як нусхаи «Зафарнома»-ро бидуни маълумот, танҳо бо забти «бахши таърихи ислом» (Мунзавӣ, саҳ.637) сабт кардааст.
Агарчи «Зафарнома» ба лиҳози забону қудрати баён ва шевоии сухан ва санъати шеърию пардохтани каломи ҷазилу матин ҳаргиз дар ҳадду андозаи «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ нест ва ин амр дар миёни тамоми осоре, ки ба тақлид аз «Шоҳнома» суруда шуда, ваҷҳе муштарак аст (Муставфӣ, саҳ.30), аммо дар пешрафти шеъри замони Камоли Хуҷандӣ саҳми назаррасе дорад. Худи ин нукта, ки муаллифи «Зафарнома» яке аз аввалин мусаҳҳеҳони «Шоҳнома» будаву баҳри мутақорибро дар сурудани асари худ пайгирӣ кардааст, дар шеъри замони Камоли Хуҷандӣ низ бетаъсир нест. Чунончи, худи Шайх Камол ҳам дар ин баҳр ғазалҳое сурудааст, ки ғазалҳои «Дило, туҳфаи ҷон ба ҷонон расон, / Ниёзи гадоён ба султон расон» («ДКХ/Р. - 2020», саҳ.724), «Аз он лаб шунидан ҳикоят хуш аст, / Суханҳои ширин бағоят хуш аст» («ДКХ/Р. - 2020», саҳ.89) ва «Дили ҳар кӣ бемори ў шуд, хуш аст, / Зи шодист пур, гарчи ғамгинваш аст» («ДКХ/Р. - 2020» саҳ.128) аз он ҷумлаанд.
Маъхаз.: Вазирӣ, Аҳмад Алихон. Ҷуғрофиёи Балуҷистон. – Теҳрон, 1384; Камоли Хуҷандӣ. Девон.Таҳияи Б. Раҳматов ва О. Оқилов. – Хуҷанд: Хуросон, 2020; Муставфӣ, Ҳамдуллоҳ. Зафарнома. Ҷ.1. – Теҳрон, 1380; Мунзавӣ, Аҳмад. Феҳриствораи китобҳои форсӣ, – Теҳрон, 1382; Носирӣ, Муҳаммадризо. Асарофаринон. Ҷ.2. – Теҳрон, 1384; Нафисӣ, Саид. Таърихи назму наср дар Эрон. – Теҳрон, 1344; Ноҷӣ, Муҳаммадризо. Зафарнома / Донишномаи забон ва адаби форсӣ. Ҷ.4. – Теҳрон, 1391; Сафо, Забеҳуллоҳ. Таърихи адабиёт дар Эрон. Ҷ.3. – Теҳрон, 1369.
Туробов Илҳом – мудири шўъбаи дастхатҳо
ва табъу нашри МД МФТ «Қалъаи Хуҷанд»