Авесто китоби муқаддаси зардуштия, ки яке аз кӯҳантарин осори адабӣ ва динии халқҳои эронинажод мебошад. Муҳақиқон калимаи «Авесто»-ро ба тарзи гуногун шарҳу тавзеҳ кардаанд. Баъзеҳо онро аз решаи ҳиндуаврупоӣ «вид» ба маънои «дониш» гуфтанд. Дар ин ҳолат “Авесто” ба маънои номи китобҳои муқаддаси ҳинди Қадим – Ведоҳо мувофиқ меояд. Дар забони паҳлавӣ бошад, ба шакли “Апастак” омадааст, ки маънои «дастур-ул-амал», «асос» «бунёд»-ро медиҳад. Дар китоби «Бундаҳишн» “Авесто” бо номи «Дин» - «китоби мазҳабӣ», «қонуни динӣ» омадааст. Дар таърихҳои исломӣ ба забони арабӣ ва форсии дарӣ навишти гуногуни Авесто – Ависто, Абастоғ, Абасто, Авасто, Апасто, Афасто, Бустоқ, Исто, Усто, Васто, Сто ва ғайра ба назар мерасад. Дар як байти Рӯдакӣ номи Авесто ба шакли Абасто омадааст.
Ҳамчу муаммост фахру ҳиммати ӯ шарҳ,
Ҳамчу Абастост фаслу сирати ӯ Занд.
Оину фарҳанги Зардуштиён дар 21 китоби “Авасто” гирд оварда шуда буд, ки имрӯз аз чаҳор як ҳиссаи китоб маълум мебошад ва иборат аз панҷ бахш аст: Ясно, Виспард, Вандидод, Яштҳо, Хурда Авасто.
Матни ҳозираи “Авесто” як қисм аз матнҳои ҳаҷман калони қадимист, ки ба тартиби муайян дароварда шудаанд. Оид ба мавҷудияти матнҳои қадимии динӣ дар байни зардуштиён таърихнависони Юнон ва Рими Қадим ишораҳо кардаанд. Масалан таъихнигор Плиний ба Гермипп, ки дар асри III- то милод умр ба сар бурдааст, такя карда мегӯяд, ки навиштаҳои муғон (зардуштиён) гӯё II млн байт будааст ва мундариҷаи онҳо дар китоби Гермипп сабт шудааст.
Нахустин матнҳои Авесто бешубҳа дар ҳазораи II то мелод (тақрибан асрҳои XII-X) пайдо шудаанд. Дар ҳамин давра китобҳои муқаддаси ҳиндувони қадим - Ведоҳо («Ритведа», «Атҳарваведа», «Самведа», «Яҷурваведа») ба вуҷуд омадаанд. Аз ҷиҳати мазмуну мундариҷа ва матолиби дарбар гирифтааш «Авесто» бо Ведоҳо, махсусан «Ригведа» бисёр наздикӣ дорад. Забони авестоӣ ҳам аз бисёр ҷиҳатҳо бо забони санскритӣ монанд аст. Бисёр муаммоҳои матнҳои авестоӣ ва ҷойҳои аз ҷиҳати маъно норавшани “Авесто” дар муқоиса бо матнҳои санскрит (забони санскрит) ҳал карда шудаанд. Дар таҳқиқоти олимони Авестошинос аз ҷумла М.Бойс, Г.Нёли, Инслер ва дигарон масъалаи замони пайдоиши “Авесто” ва ба «Ригведа» аз ҷиҳати замон наздик будани он ба миён гузошта шудааст.
Макони пайдоиши “Авесто” сарзамини Осиёи Миёна, Хуросон, (Эрон) ва Бохтар (Афғонистон ва Тоҷикистон) мебошад. Такомули баъдинаи китоб дар ҷануби Эрон (Форс) ба амал омадааст.
Мазмуну мундариҷаи китоби мазкур хеле бой ва гуногунранг аст. “Авесто” қомусест, ки дар он зиндагӣ ва омолу кирдор, тарзи ҳаёти мардуми қадими эронинажод, донишҳои андӯхтаи онон дар соҳаҳои гуногуни илм — фалсафа, ҳуқуқ, тиб, ҷугрофия, математика, нуҷум, ситорашиносӣ, таърих, забону адабиёт ва ғайра инъикос ёфтааст. Дар китоб маълумоти муфидеро оид ба таърих, маданияти моддӣ ва маънавии аҳолии қадимии Осиёи Миёна ва кишварҳои дигар, дар бораи дин, асотир, ҳамосаҳои қаҳрамонии онон ва ғайра дарёфтан мумкин аст. “Авесто” ғайри фармоиши маросими мазҳабӣ, унсурҳои ибтидоии илми, тасаввуроти конунгузорӣ, маҷмӯи дастурҳои ақидавӣ (динӣ ва фалсафии ибтидоӣ), ахлоқӣ ва эстетикиро низ дар бар гирифтааст.
Аҳамияти “Авесто” чун асари бадеӣ ва яке аз осори адабиёти қадими мардуми эронинажод, аз ҷумла ниёгони халқи тоҷик хеле калон аст. Аз китоби “Авесто” асотир, ривоятҳо, қиссаву достонҳои қадим, намунаҳои эҷодиёти даҳанакии халқ ва ғайра то замони мо расидаанд. Образҳо, каҳрамонони асотири, сюжети достонҳо дар бораи онон аз қадимулайём дар байни халқ маълуму машҳур буданд ва аз забон ба забон гузашта маҳфуз мондаанд. Аз асотиру достонҳои китоб муаллифони осори адабиву таърихии асрҳои миёна истифода кардаанд.
Дар қисми асотирии «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ ба шакли Ҳушанг, Таҳмурас, Ҷамшед, Қаюмарс, Заҳҳок, Фаридун ба назар мерасанд. Сюжети баъзе порчаҳои «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ бо сюжети асотиру ривоёти киитоби мазкур хеле наздиканд. Асотиру достонҳо, ривоятҳои дар китоб омада, осори санъати рассомӣ, пайкарасозӣ ва ғайра инъикос ёфтаанд.
“Авесто” аз замонҳои қадим диққати муҳаққиқону донишмандони соҳаҳои гуногуни илмро ба худ кашидааст ва олимони зиёде ба омӯзиши ҷиҳатҳои гуногуни он даст задаанд. Оид ба Зардушт, китоби муқаддаси зардуштия — “Авесто” ва мазмуну мундариҷаи он дар осори таърихнависони Юнон ва Рими Қадим ишораҳо мавҷуданд. Ин гуна ишораҳо дар осори таърихиву динӣ ва адабии аврупоии асрҳои миёна низ ба назар мерасанд.
Дар Тоҷикистон таваҷҷуҳи нисбат бештар ба “Авесто” аз солҳои 80-уми асри XX оғоз ёфта, пас аз истиқлолият боз ҳам равнақ ёфт. Дар матбуот оид ба он мақолаҳо чоп мешуданд ва конференсияҳои илмӣ баргузор мегардиданд. Яке аз конфиренсияҳо соли 1992 ташкил гардид. Соли 2001 дар Тоҷикистон 2700 солагии “Авесто” таҷлил гардид ва ба ин муносибат симпозиуми байналмиллалӣ барпо шуд. Соли 2011 матни пурраи “Авесто” (тарҷумаи Ҷалил Дӯстхоҳ) ба алифбои ҳозираи тоҷикӣ (русиасос) баргардон шуда ба табъ расид. Бори нахуст муҳаққиқи тоҷик Б.Бобохонов баъзе “Яштҳо”, «Готҳо» ва якчанд фаргарди «Вандидод»-ро тарҷума кард, ки солҳои 1985, 1986, 2000, 2001 дар саҳифаҳои матбуоти тоҷикӣ ба табъ расиданд.
Нодирахон Олимова
ҷонишини омир оид ба корҳои илмӣ